Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

диққат намедиҳанд. Дар натиҷаи ин нишондиҳандаи самаранокии назорат хеле коста шуда, нишонагирӣ ба рафтори иҷрои назорат мешавад, ки билохира як муҳити психологии носолими «нобоварӣ» пайдо гардида, оҳиста-оҳиста ба пароканда шудани коллектив оварда мерасонад.

Исбот шудааст, ки аз ҳама қоидаи самаранок ин худназорат мебошад. Ин қоида ба ҳама паҳлуҳои корхона якхела таъсир расонида, барои баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат кӯмак мерасонад.

Дар менеҷмент дастурамале кор карда шудааст, ки менеҷеронро ба содир кардани хатоҳо ва омилҳои манфӣ дар вақти ташкили назорат роҳ намедиҳад:

  1. Муайян кардани меъёрҳои асоснокшуда ва стандартҳое, ки ҳайати коргарон қабул мекунанд.

  2. Таъмини алоқаи доимии коммуникатсионӣ байни менеҷерон ва иҷрокунандагон дар ҷараёни фаъолияти функционалии назорат.

  3. Аз назорати бамайлон даст кашидан.

  4. Такя кардан ба меъёрҳо ва стандартҳои баланди иҷрошаванда.

  5. Мукофотонидани коргарон барои натиҷаҳои бадастовардашуда мувофиқи меъёр ва стандартҳо.

Назорат ҳамон вақт самаранок шуда метавонад, ки хислати системавӣ дошта бошад ва тамоми фаъолияти корхонаро пурра дар бар гирад. Ҳар як унсур ва хислати алоқамандии онҳо бояд дар зери назорати менеҷерон қарор дошта бошанд. Илова бар ин менеҷерон омилҳои берунаи ташкилотро низ доимо ба инобат гирифта, аз рафти фаъолияти онҳо бохабар бошанд.

Таҳлили омилҳои беруна ва назорати онҳо дар доираи фаъолияти бетанаффӯси «таҳлили маркетингӣ» сурат мегирад. Ин пеш аз ҳама ҳолати бозор, хислати алоқамандии ширкатҳо, ташкилотҳои рақобатии корхона ва фаъолияти онҳоро дар бар мегирад. Таҳлили маркетингиро мо пурра дар мавзӯи алоҳида пешниҳод менамоем.

Назорат бояд, ки алоқамандии равандҳои бандҳои 1 ва 2 расми 15-ро таъмин карда тавонад. Ва тамоми фаъолияти корхона бояд, ки ба банди 4-ум дар асоси назардошти банди 5-ум равона шуда бошад.

Як чизро бояд қайд кард, ки фаъолияти корхонаҳо дар баробари назорати дохила дар шакли мувозӣ аз муҳити беруна низ назорат карда мешавад.

пешина
аз 512
навбатӣ