Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
пӯшида ба пеш рафтан имкон медиҳад, ки ояндаро хуб бубинед. Имрӯзҳо ба аксари роҳбарон лозим аст, ки аз рӯи суръати интернет ҳаракат намоянд.
Пешво ба андешаи Януси Двуликий касе мебошад, ки қобилияти ҳам ба пеш ва ҳам ба қафо рафтанро дошта, аввалу охир ба пурсиш: «Ман оиди пешво дар вақти роҳбарӣ чӣ фаҳмидам, чӣ маро ба хизмати худ дар оянда мебарад?» амал мекунад. Он чӣ ки мо якҷоя оиди пешвоӣ медонем, метавонем онро ба дигарон диҳем, то ки онҳо аз ин таҷрибаи мо баҳра баранд.
Стратегия, тактика ва кордонӣ ҳамон вақт амалӣ мегарданд, ки агар мо пурра ҳаракатҳои башариро, ки пешворо бо коргарон мепайвандад, дарк менамоем.
Тадқиқотчӣ Собири Чоудхарӣ дар асоси таҳлили ҳавор ҳолатҳо ва тадқиқотҳо модели намунавии пешвоии худро пешниҳод мекунад, ки ҳафт дарсро дар бар мегирад:
Дарси 1-ум. Боварӣ - асоси пешвой.
Дарси 2-юм. Пешвой - кори ҳар кас.
Дарси 3-юм. Даъват - ин имкони бузург доштан.
Дарси 4-ум. Пешвоён - ояндаро пешбинӣ мекунанд.
Дарси 5-ум. Пешвоён - ин бозигарон дар команда.
Дарси 6-ум. Меросе, ки Шумо мемонед - ин ҳаётест, ки Шумо мегузаронед.
Дарси 7-ум. Ғамхорӣ - асоси пешвой.
-
Боварӣ - асоси пешвой. Бисёр одамон аз зиндагонӣ сер буда, ба оянда дилсардона нигоҳ доранд. Онҳо ба кори худ бепарвоёна назар афканда, навигариҳо барои онҳо моҳияте надоранд. Дар чунин як ҳолат менеҷер чӣ бояд кунад. Тадқиқотҳо нишон медиҳанд, ки аксари одамон чунин ақида доранд, ки «Пешвоеро мекобанд, ки аз қафояш қаноатмандона бираванд», яъне онҳо пешвоеро мехоҳанд, ки чор хусусияти хосро дошта бошад:
-
Ростқавл будан.
-
Ба оянда назар доштан.
-
Қаноатманд намудан.
-
Арзанда будан.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор