Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ИқтисодиётТиҷоратИдоракунӣ
Аз аввал хондан

Аксари коргарон чунин мехоҳанд, ки пешво бояд одами рӯирост бошад, то ки ба ӯ бовар карда шавад. Ба касе, ки концепсияи ҳаракати оянда тааллуқ дорад, мароқ ва хоҳиш, дониш ва таҷрибаи мукаммал хос буда, ӯ ҳамеша бояд кори иҷрошударо ба инобат гирад.

Он унсурҳои хоҳиши одамонро, ки дар боло номбар намудем, «сарчашмаи боварӣ» номидан мумкин мебошад. Қайд кардан зарур мебошад, ки дар пайдарпайи низоми ҳокимият ҳар як итоаткунанда низ ҳамин хоҳишро дорад, ки пешвое мебояд, ки ба ӯ бовар кунанд. Аз ин ҷо маълум мегардад, ки «Боварӣ ин пешвой» мебошад. Боварӣ ин асосе мебошад, ки дар навбати худ пешвоён фикру орзуҳои бузурги ояндаи худро месозанд. Бе боварӣ ва орзу муносибатҳо шикасташаванда мебошанд. Агар одамон ба номанавис бовар надошта бошанд, пас ба нома низ бовар намекунанд. Барои ба боварӣ ноил гаштан пешво дар навбати якум бояд ба худаш бовариро пайдо кунад.

Пешвой ғайр аз ин муносибати ду гурӯҳи одамон аст, ки аз онҳо гурӯҳе намехоҳад ва гурӯҳе мехоҳад, ки пешворо пайравӣ кунад. Сифати ин муносибатҳо ба уҳдадориҳои аъзоёни коллектив ва ба одамоне, ки дар корхона кор мекунанд, ҳамчунин ба маҳсулоте, ки корхона мебарорад, таъсири калон дорад.

Системаи арзишҳо ва боваркуноние, ки дар пешво ҳамчун шахсият вуҷуд дорад, унсури дигари боварӣ мебошад. Бинобар ин пешво бояд, ки ин арзишҳои худро нигоҳ дошта, ташаккул дода, барои хизмати одамон равона созад.

Агар Шумо хоҳед, ки пешво шавед, сину сол он қадар нақши калон надорад. Зарур мебошад, ки ба худшиносӣ машғул шавед. Чунки ба боварӣ даромадан пеш аз ҳама ба он вобаста аст, ки то чӣ андоза Шумо худро мешиносед.

  1. Пешвой - кори ҳама кас. Пешвой ин вазифа набуда, ҷараён мебошад. Вай вобастагии пурра аз он дорад, ки одамон ин ё он қобилияти барзиёдиро нисбат ба дигарон новобаста аз мавқеашон доранд. Албатта ин масъала то ҳол мавзӯи баҳси аксарият қарор дорад. Хусусан, вақте ки ҳар рӯз ба Шумо савол медиҳанд, ки «Пешво таваллуд мешавад, ё дар зиндагонӣ ташаккул меёбад? Агар мо ба ҳаёти аксари одамон назар афканем як чизи нав, ё худ ғайриодиeрo мушоҳида мекунем. Қариб ҳамаи падару модар вақти хурдсолии фарзанди худ
пешина
аз 512
навбатӣ