Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

наметавонем. Ҳамин тариқ, такрор, тадқиқот, ва эҷодкорӣ дар ҷараёни омӯзиш дар алоқамандии ягона мебошанд.

Аксари ҷавонони дипломи дараҷаи магистр гирифта, бе таҷриба якбора хоҳиши дар кори масъулиятнок кор карданро мекунанд. Дар натиҷа дониши онҳо аз имтиҳони таҷриба ва вақт нагузашта, ба мушкилиҳо мураккабиҳо, муноқишаҳо дучор шуда, ҷойҳои кории худро аз даст медиҳанд ва тез-тез иваз мекунанд.

Бо сабаби он ки дар асри XXI ҷаҳон хеле мураккаб мешавад, имконоти маълумот бо суръати баланд меафзояд. Кор кардан дар зери назорати устод дар аксар ҳолатҳо саршавӣ, ё худ охири рафтори нодуруст, қарор, ё зарарро муайян кардан мумкин мебошад. Фақат ҳунарманд, устод метавонад, ки ҳазорҳо намуди иҷрои кор ва якчанд усулҳо, ки бояд дошта бошад, нишон диҳад. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, усулҳо ва роҳҳои ихтисосӣ ва ҳунармандӣ инкишоф ёфта истодааст. Бинобар хуб мешуд, ки барои ҳунарманд - пешво шудан якчанд устодони худро дошта бошед:

  1. Устодони техникӣ - экспертҳои ихтисосӣ ва ҳунармандони касбие, ки шумо мехоҳед қуллаҳои баланди касбӣ, менеҷмент маркетинг, молия, логистика, системаи компютерӣ, маъмурӣ ва ғайраро аз худ намоед.

  2. Устодони маълумот-дониш - барои аз худ кардани роҳ ва усули омӯзиш, таҷрибаи корӣ гирифтан ва дигар унсурҳое, ки барои ба дараҷаи баланди ҳунармандӣ расидан ба Шумо кӯмак мерасонанд.

  3. Устоди соҳавӣ - устоде, ки дар дигар бахшҳои соҳаҳо кор карда, бо Шумо оид ба инкишоф ва масоили пурраи соҳа маслиҳат медиҳад. Ин шахсон аксарият пешвоёни номдор мебошанд.

  4. Устоди ташкилӣ пурра медонад, ки дар ташкилот кӣ чӣ қадар вазн дорад, сухани кӣ мегузарад, чӣ бояд кард, чӣ бояд накард.

  5. Ёдамчиён оид ба ташкили кор - онҳо барои системаи корӣ назорат карда, қисмҳои алоҳидаи онро таҳлил карда маслиҳатҳо медиҳанд.

  6. Устоде, ки аз рӯи вазифа якхела мебошад, ин хеле арзиши калон дар кори менеҷер дорад, чунки аз ин шахс аксари корҳоро омӯхта, якҷоя фикру андешаҳо мекунанд.

пешина
аз 512
навбатӣ