Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
- Устод оид ба маданият - эксперт оиди омӯзиши забон, урфу одат, анъанаи мардум, хусусан, вақте ки Шумо ба хориҷи кишвар сафар доред.
Ҳамин тариқ, маълум мешавад, ки барои менеҷер-пешво ҳунармандӣ шарт ва зарур буда, ӯ метавонад, ки аз сарчашмаҳои гуногун манфиат ба даст биорад. Шумо дар таҷриба устоди таҷрибадореро дидаед, ки роҳҳо ва тарзҳои наву хуби таълимро барои донишҷӯёни худ накофта бошад?
Таҷриба нишон медиҳад, ки на ҳамаи ташкилотҳо якхела мебошанд, на дар ҳамаи ҷо имкони афзоиш ва пешравии Шумо барои ҳунарманд шудан вуҷуд дорад. Мутахассисон наш хусусияти ташкилотро ҷудо мекунанд, ки барои ба қуллаҳои баланди инкишоф расидани менеҷер-пешво кӯмак мерасонанд:
-
Мақсадҳоро фаҳмидан.
-
Пешвоён аз ҷумлаи намояндагони соҳаҳои асосии ташкилот мебошанд.
-
Маданияте, ки тадқиқот ва инкишофро тарафдорӣ мекунад.
-
Майл барои ҳавасмандии маълумот ва омӯзиш.
-
Қобилияти ҳунармандиро ба дигарон паҳн кардан.
-
Фикрронии соҳибкорӣ.
Ташкилотҳои беҳтарин тамоми мақсадҳо ва равандҳои кори худро барои истеҳсоли маҳсулот ва хизматҳое равон месозанд, ки барои аксари истеъмолкунандагон зарур мебошанд, яъне моле бояд истеҳсол намоянд, ки талаботи одамонро таъмин карда тавонанд.
Менеҷерони асри XXI бояд сохтореро дар корхона ташкил намоянд, ки тибқи он имкониятҳоро коргарон дар мавриди хостан пайдо карда тавонанд. Вобаста аз ин вазифаҳои нави зерин бояд дар ташкилотҳо пайдо шаванд: мувофиқкунанда, кофтуковӣ, роҳбаладҳо, тадқиқотчиён, алоқакорон, нигоҳдорандагони энергия, шикорчиёни қобилият ва ғайра.
Технологияи ахборӣ - воситаи асосие, ки суръати гузаронидани дигаргуниҳоро дар кор муайян месозад. Технология воситаҳои истифодаи мо, инчунин доираи масоилҳое, ки мо бояд ҳал кунем, аз байн мебардорад. Дар натиҷа кори идоракунӣ боз мураккаб, абстрактӣ гашта, доимо дар тағйирот мебошад.
Албатта, ин кор бисёртар қобилият ва ҳунари кордонӣ талаб мекунад. Тадқиқотчиён исбот намудаанд, ки аллакай 70% дар ҷои корӣ дар Аврупо ва

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор