Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Соҳаи дигари менеҷмент, ки тағйиротҳо талаб мекунад ин ҷараёни ҳавасмандкунӣ мебошад. Вобаста аз рафторҳо ва маданияти нави идоракунии захираҳои башарӣ, ҳавасмандӣ низ барои ба даст овардани инкишофи баланди иқтисодӣ равона карда шаванд. Аз ин хотир ҳавасмандкунӣ ба он равона карда мешавад, ки чӣ хел раванди инкишоф ба даст оварда шавад. Инчунин мукофотҳо барои фаъолиятҳое бошад, ки инкишофи босуръатро таъмин месозанд.

Бояд қайд кард, ки ҳавасмандкунии зинаи олии менеҷмент низ тағйир меёбад. Вобаста аз он, ки захираи муҳим дар замони нав сармояи башарӣ мегардад, раванди асосии ҳавасмандкунии табақаи олии идоракунӣ бояд ба дастгирӣ ва инкишофи сармояи башарӣ равона шуда бошад. Ҳавасмандкунии моддӣ дар шакли додани саҳмияҳо зоҳир мегардад, чунки бо роҳи додани захираҳои пулии корхона самаранок намебошад. Роҳи дигари ҳавасмандӣ, ин аз ҳисоби ташкилот омӯзондани коргарон аз рӯи ихтисосҳои гуногун, маҳз дар гурӯҳҳое, ки маданияти омехта, чун забондонӣ, системаи барномавӣ ва коргузорӣ доранд.

Вобаста аз равандҳое, ки дар боло номбар кардем, ҷараёни классикии тартиб додани буҷа низ тағйир меёбад. Мазмун ва ташаккули буҷаи корхона аз он вобаста мебошад, ки чӣ тавр аъзоёни ташкилот дар он иштирок менамоянд. Албатта дар буҷа лоиҳаи хурди пешоҳангона ҷой карда мешавад бо мақсади омӯзиши бозори нав, инчунин лоиҳаи инкишофи дониши коргарон, то замоне ки роҳбарияти корхона мавқеи худро барои азхудкунии бозори нав, ё худ навовариҳо муайян месозад.

Ҳамин тариқ, нишондиҳандаҳои молиявӣ ва истеҳсолӣ аллакай дуюмдараҷа мегарданд. Дар ҳолати мусоҳибаи интерактивӣ дар дохили корхона моҳияти муҳимро мусоҳибаи байни гурӯҳҳои иҷрокунандагони лоиҳаҳо ва роҳбарони табақаи олӣ дорад. Чунки маҳз ин лоиҳаҳо вазифаҳое мебошанд, ки бояд бо суръати хеле баланд иҷро карда шаванд. Дар баробари ин ҷараёни назорат низ тағйир ёфта, умуман мафҳуми назорат аз байн меравад. Шакли назоратро аслан мусоҳибаи байни сардори лоиҳа ва роҳбари олии менеҷмент мегирад. Бо сабаби он, ки соҳибкории ҳазорсолаи нав дар асоси рафторҳои олии соҳибкорӣ ва муҳити баланди корӣ амалӣ мегардад, қоидаи асосии назорат ин

пешина
аз 512
навбатӣ