Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

боварӣ буда, сӯҳбатҳои байни роҳбарони лоиҳаҳо ва менеҷменти олӣ оиди иҷрошавии вазифа, ё иҷро нашудан, ё худ масоилҳое, ки ба ин халал мерасонанд, инчунин муҳокимаи фикру ақидаҳои нав, ки аз ин мебароянд, мебошад.

Дар асри бисту якум ҷараёни идоракунӣ пурра ба ҷараёнҳои рафторӣ сӯҳбат мегирад. Онҳо бевосита ба масоилҳои захираҳои башарӣ равона карда мешаванд. Қисмҳои асосиашро мо дар боло гуфта гузаштем, дар байни онҳо аз ҳама муҳим: маълумот ва омӯзиш, пешбинӣ барои тамоми гурӯҳ, ҷараёнҳои ҳаракатдиҳандаи захираҳои башарӣ, ҳавасмандкунии инкишоф, усули мукаммали тартиб додани буҷаи корхона, назорати қабл аз фаъолият меистад. Дар шакли умумӣ пешгӯиҳои моро ба се равия ҷудо кардан мумкин мебошад:

  1. Тафтиш барои пурқувватии ҷараёнҳои инкишофи менеҷмент, ки ҷустуҷӯи шаклҳои нави бизнесро метезонанд, истифодаи босуръати равандҳои ояндадори он, аз ҳисоби захираҳои дохилаи корхона.
  2. Зиёд кардани диққат ба имконотҳои тавонои захираҳои башарӣ дар соҳаи инкишофи босуръати бизнес, ҷобаҷогузории одамон ва тақсимоти дурусти захираҳо барои ба мақсад расидан.
  3. Тартиб додани буҷа ва гузаронидани назорат бо мазмуни тамоман дигар, яъне дар ҳақиқат дар ташкилот ақидаҳои ба ҳаёт мувофиқ, бо назардошти захираҳои башарии мо вуҷуд дорад ё не. Агар вуҷуд дошта бошад, он гоҳ бо кадом роҳҳо ва бо истифодаи одамони дуруст ҳаҷми онро зиёд намоем.

Барои он ки лоиҳаи дар боло номбаршуда пурра амалӣ гарданд, менеҷментро зарур мебошад, ки як қатор масоилҳои мавҷуда ва дигар мушкилотеро, ки пайдо мегарданд, бояд ҳал намояд:

  1. Аллакай, дар ташкилотҳо фикррониҳои мусбат, ақидаҳои хубро дастгирӣ намуда, ҳаракатҳои одамонро барои иҷрои баланди кор ва эҷодкорӣ равона созем.
  2. Дар ташкилотҳо бояд зарурияти истифодаи қувваи одамонро ҳис карда, шароит ва қувваро ба мақсади дуруст равона кардани ин қобилият мувофиқ созем.
  3. Аллакай бояд коргароне, ки хоҳиши омӯзиши донишҳои баланд доранд, ҳавасманд карда шаванд, усулҳои муттаҳидӣ дар гурӯҳ, нишон додани ҳавасмандӣ барои натиҷаи гурӯҳӣ бояд ба инобат гирифта шавад.
пешина
аз 512
навбатӣ