Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
дуюм мо як қатор стратегияи мубориза ба муқобили норасогии вақт пешниҳод менамоем:
интегратсияи ҳамаи ташаббусҳо ва марказонидани қувва барои самаранок
истифода бурдани вақт;
бовар кардан ба коргарон, ки худашон вақти кориашонро назорат
намоянд;
қисме аз вақти худро барои фикрронӣ, мусоҳиба, сӯҳбати касбӣ, таҷриба
ва омӯзиш, сарф намоянд;
роҳҳои бартараф кардани корҳои зиёдтарро ёфтан зарур аст;
ба бозингарони сиёсӣ «не» гуфтанро ёд гирифтан муҳим аст;
ба талаботҳои беасос «не» гуфта тавонистанро бояд донем;
ба сифати таҷрибаи идоракунӣ - кори худро аз идоракунии вақт сар кардан зарур мебошад.
-
Масоили дуюме, ки пешвоён гирифтор мешаванд, ин набудани дастгирӣ мебошад. Маълум аст, ки пешво он ақида ва фикрҳоеро пеш мегирад, ки барои аксарият номаълум мебошад ва вақту тасдиқ талаб мекунад. Дар ин давра ӯро на ҳама бовар мекунанд ва кӯмак мекунанд. Бинобар ин масоили мазкур сабурӣ, пургайратӣ ва вақт талаб мекунанд. Дар ин ҳолатҳо аксар мавридҳо хизматҳои машваратии одамоне, ки ақидаро хуб мефаҳманд ва хоҳиши дастгирӣ доранд. Дуюм ин аст, ки муроҷиат ба шахсоне, ки дар ин кор таҷрибаи кофӣ доранд, муҳим аст. Сеюм ташкили гурӯҳҳои хурди озмоишӣ, ки дар муддати кӯтоҳ дурустӣ ва самаранокии ақида, ё худ навовариро исбот карда, барои амалӣ гардонидани он кӯмак мерасонанд.
-
Масоили дигаре, ки дар назди менеҷерон аксар маврид пайдо мегардад моҳияти навоварӣ, ё худ фаъолият аст. Моҳият, ё худ манфиатнокии кор бояд кушоду равшан ба ҳамаи коргарон, аъзоёни корхона асоснок фаҳмонда дода шавад, албатта як бору ду бор не, балки якчанд маротиба ба усулҳои гуногун аз қабили эълонҳо, рекламаҳо, гузаронидани маҷлису ҷамъомадҳо, семинару конференсияҳо ва ғайра. Стратегияи пешво оид ба фаҳмонда додани манфиатнокии навоварӣ чунин мебошад:
таъмини пурраи ахбор оид ба дигаргуниҳо дар байни пешвоёни гурӯҳҳои
корӣ;

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор