Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

муҳокимаи кушоди тағйиротҳо дар байни гурӯҳҳои озмоишӣ; таъмин намудани ахбори тағйиротҳо; алоқаи қатъии тамоми шакли омӯзиш ба натиҷаи бизнеси корхона; муҳокимаи кушоду равшани масъалаҳое, ки аз дигаргунсозиҳо ба вуҷуд меоянд; давра ба давра қайд кардани татбиқ ва муҳокимаи чунин тағйиротҳо, ё навовариҳо дар ҷамъомадҳо.

  1. Масоили дигар ин бо ҳам мувофиқ будани сухан ва кор. Пешвоён бояд доимо ҳаракат намоянд, ки дар боварии одамон бошанд. Аммо одамон доимо ба рафтори ӯ диққат медиҳанд, махсусан дар ҳолатҳои мушкилу бӯҳронӣ ва маҳз дар ҳамон ҳолат маълум мегардад, ки ин шахс кист. Яъне, барои он ки дигарон ба шумо бовар кунанд, дар навбати аввал Шумо бояд ба худ боварии қатъӣ дошта бошед. Стратегияе, ки барои ба боварӣ даромадан кӯмак мерасонад, чунин мебошад:

масъалагузории якуоя ва коркарди системи арзишҳо, ки аз нуқтаи назари сифатҳои ҳаётан муҳими ташкилот бовар кардан зарур мебошад; ташаккули боварӣ ба арзишҳо ва мақсадҳои ташкилот бо роҳи намоиш додан, на ба шакли зоҳирӣ, балки воқеӣ амалӣ гардад. Чунин гуфтори халқӣ ҳаст: «ман овози баланди туро намешунавам, ҳам рафторҳои туро баланд мегӯянд».

ягон корро дар танҳоӣ макун, бо ҳамкорон бош, ба шахсоне, ки туро дастгирӣ мекунанд гӯш дор; дар ҳолати галаҷони эҳсосот тоқатро пеша кун; фикри худро бо фикри дигарон дар тарозуи ақл баркаш.

  1. Тарсу ваҳм вақте пайдо мешавад, ки агар менеҷер-пешво дар ақидаи худ устувор набуда, дуруягӣ, ё фиребгарӣ дар кори ӯ ҷой дошта бошад. Аммо дар ҳар як шахс бо андозае тарсу ваҳми табиӣ низ вуҷуд дорад. Барои менеҷер-пешво ин албатта тарси самараи хуб надодани навоварӣ, ё худ игвоандозии рақибон, ё худ тарси аз даст рафтани обрӯю эътибор бо сабаби барор нагирифтани корҳо ва ғайра сурат гирифта метавонад.

Аммо тарсу ваҳм ин сабаби маҳдудияти фаъолият шуда наметавонад.
Баъзе пешвоён дар он ақидаанд, ки тарс ҳамчун сарчашмаи асосӣ барои тамоми

пешина
аз 512
навбатӣ