Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиётТиҷорат
Аз аввал хондан

Тадқиқотҳо нишон медиҳанд, ки дар соҳаи назорат система аз се шакл иборат мебошад:

  1. Системаи назоратии анъанавӣ.

  2. Назорати пешакӣ.

  3. Назорати соҳибкорӣ.

  4. Системаи назоратии анъанавӣ - назорате мебошад, ки ҳамчун иловаи риштаи фаъолияти иҷроишӣ амал менамояд. Иҷрокунандагон дар рӯҳияи муносибат ба меъёр ва стандартҳо амал мекунанд ва иҷрои онро қарзи худ мешуморанд. Камбудии ин шакл танҳо аз он иборат аст, ки ченакҳои асосӣ, меъёр ва стандартҳо мувофиқи замони гузашта мебошанд ва аз нав коркард намудаанд.

  5. Дар системаи назорати пешакӣ стандартҳо ва меъёрҳо вобаста ба нақшаҳои корхона ва вақт бо мақсади мувофиқ қонунӣ гардонидан ба меъёрҳо ва стандартҳои байналхалқӣ, ё ин ки талаботҳои қатъии бозор доимо аз нав дида баромада мешаванд.

  6. Назорати соҳибкорӣ - давоми назоратҳои пешина ба ҳисоб рафта доимо ба тағйирёбии мақсадҳо вобаста аз шароити бозор ва тағйирёбии муҳитҳо такя мекунад.

Чунин соҳаҳо асосан ба меъёр ва ҳолатҳои тағйирёбандаи муҳити бозор нишоннагирӣ мекунанд ва асосан дар ҳолатҳое дида мешаванд, ки дараҷаи баланди беқурбшавии пул ва болоравии бемайлони нархҳо мушоҳида мешаванд.
Дар ин мавриди ду нишондиҳанда талаботи стандартӣ пайдо мекунад:

  1. Сифат.
  2. Нишондиҳандаҳои арзишӣ.

Меъёр ва
стандартҳои
пешина моҳият
надоранд
Моҳияти асосӣ - ҳислати
ҳолат ва инкишофи муҳит,
ки меъёр ва стандартро
муайян мекунанд

Вақти гузашта
Вақти оянда -
танзимдории систематикии
стандартҳо вобаста аз
мақсадҳои пайдошуда

Расми 19. Модели тарҳи соҳибкории назорат.

пешина
аз 512
навбатӣ