Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
Таҷриба нишон медиҳад, ки ташаккули шахсияти менеҷер шарти асосии самаранокии фаъолияти ӯ дар вазифаи функционалии феълии ӯ мебошад, лекин маълум нест, ки таъсири ӯ ба дигар шахсон барои натиҷаи баландро соҳиб гардидан имкон медиҳад, ё не.
Аз тарафи дигар танҳо тайёрии касбии менеҷер ҳанӯз гувоҳи маҳорати баланди касбии ӯ, маҳз дар идоракунӣ намебошад. Бинобар ин, якбора талаб карда мешавад, ки тайёрии касбии оид ба фаъолияти функционалии менеҷер низ таъмин бошад.
Соҳибкасбӣ ва татбиқи оқилонаи кори шахсӣ дар ташкилот аз он иборат аст, ки коргаронро маҷбур менамояд, таҳти шиори «вақт барои худ», яъне истифодаи самараноки вақти корӣ, банақшагирии дуруст ва назорати пайдарпайи пурмазмуни иҷрои вазифаҳои муайян вобаста аз моҳияташон фаъолият баранд.
Соҳибкасбии функционалии менеҷер дар кори роҳбарӣ аз рӯи мувофиқ будани таъсиррасонӣ ба коргарон, ҷорӣ намудани нақшаҳои стратегӣ ва ҷории ташкилот вобаста аз таъсири шароитҳои ҳолати бозор мебошанд. Файласуфи бузург Арасту менависад: «Инсонро аз рӯи фаъолияти ҳаррӯзааш баҳо медиҳанд. Аз ин хотир накӯкорӣ бояд, ки одати мо бошад».
Дараҷаи омӯзиш ва хоҳиши омӯзиш ин суръати афзоиши дониши зарурии инсон, аз он ҷумла дар соҳаи «соҳибкасбӣ» мебошад.
Доир ба хислатҳои одамон рӯҳшиносҳо дар чунин ақидаанд, ки шояд дар рафти ба даст овардани соҳибкасбӣ мумкин аст аз хислатҳои бад халос шавем, аммо ин ҷараён вақти зиёдеро талаб менамояд. Дар баробари ин барои дараҷаи соҳибкасбиро ба даст овардан, менеҷер бояд як қатор хислатҳоро ба даст орад. Нуқтаҳои назар мавҷуданд, ки дар тавсифномаи тайёрии касбии менеҷер зарур мебошанд. Чунин равандҳо аз ҷумлаи адолатпарастӣ, боинтизомӣ, ростқавлӣ, фикри мукаммал доштан, тозакор будан, сифатҳои инсонгарой ва хислати соҳибкасбӣ - нишонагирӣ ба инкишоф ва тараққиёт, беҳтар кардани кори ҳайат дар ташаккули тайёрии соҳибкасбии менеҷер, муҳити иҷтимоию рӯҳии он ва билохира ҳамчун баҳои «симои рӯҳии роҳбар» ёрин калон мерасонад.
Таҷрибаи менеҷмент нишон медиҳад, ки қоидаҳои дар симои роҳбар нишондодашуда, ҳамчун ин ба нишонаяи кордонии ӯ мубаддал гашта, ба ташаккули шахсии вай кӯмак мерасонанд. Аз тарафи дигар кордонӣ - ин аз се

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё