Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
Масъалагузорӣ барои моҳияти иҷтимоии коргар бо се роҳ дохил мешавад:
- Эҳсосӣ.
- Коркарди боварӣ.
- Рафторӣ.
Эҳсосӣ - вақте, ки шахсони алоҳида бо воситан таъсиррасонӣ ба психологияи одамон, фикри худро мегузаронанд.
Коркарди боварӣ — таъсиррасонӣ бо роҳи ахбори мақсаднок ба ин, ё он ҳодиса шахсро ва ё одамонро бовар мекунонад.
Рафторӣ - ҳаракатҳои ҳавасмандкунии фаъолияти коргаронро ёфта, онҳоро ба пеш даъват месозанд. Барои пешво гурӯҳе идеалӣ мебошад, ки аллакай тайёрии хуби касбӣ ва рӯҳӣ дорад. Дар ин ҳолат пешво ҳуқуқи худро ба яке аз намояндагони гурӯҳ гузошта, худаш боз пеш меравад. Кори мушкил барои пешво ин фаъолият бо гурӯҳе мебошад, ки он қобилияти мустақилона бо хоҳиши бе роҳбар ҳаракат карданро надорад.
Вобаста аз сифатҳои шахсии пешво (менеҷер) бо дараҷаи ҳаракати мустақилияту ҳокимият роҳбарии онҳоро ба чор гурӯҳ тақсим кардан мумкин мебошад.
мутобиқкунонӣ;
вобастагӣ;
оварда расонидан;
демократизм.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё