Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ИқтисодиётТиҷоратИдоракунӣ
Аз аввал хондан

пешвоёнро фаро мегиранд, ки то имрӯз доир ба идора намудани одамон дар ягонагӣ ва якхелагӣ боқӣ мондаанд.

Бо ақидаи мутахассиси соҳаи мотивация Г.Х. Алтманн1, ки таъкид менамояд, одамони бузурги таърихӣ шурӯъ аз Фемистокл ва Искандари Мақдунӣ то Маҳатма Гандӣ, барои ба натиҷаҳои воло расидан, дар идоракунии одамон усулҳоеро истифода кардаанд, ки дар замони мо низ рӯзмарра буда, қиммати худро гум накардаанд.

Бо назардошти он, ки сифатҳои пешвой хеле бузург мебошанд, рафторҳои онҳоро мо ба се равия гурӯҳбандӣ менамоем.

  1. Кадом марзҳои қобилият дар пешвой ва фаъолияти ба худ ҷалб кардани одамон зарур мебошанд.
  2. Ҳолатро дуруст дарк кардан, ки мувофиқи он ҳар як одам, дуруст идора карда шуда, илова бар ин ҳаракат мекунад, ки худро хуб нишон диҳад.
  3. Зарур аст дарк намоем, ки дастовардҳои беҳтарин ба одамон худ аз худ пайдо намешаванд. Онҳо бояд бошуурона, пуртоқатона ва доимо тарбия ёфта, роҳбариро дар худ ва дигарон инкишоф диҳанд.

Мақсаднок мебуд, ки назарияи «одамони бузург» ва тарбияи пешвоёнро ба таври мукаммали яклухт (ягона) омӯзем. Қайд кардан зарур аст, ки ташаккули пешвоён аз гузашти таърихӣ вобаста набуда, балки дар шароити муайяни таърихӣ тайёр будани роҳбар - пешво барои истифодаи имконоти роҳбарӣ шартӣ зарур аст. Ҳамин тариқ, пешвой - ангезиш ба шароитҳои воқеие, ки дар шакли омилҳои муайян пайдо мешаванд, инчунин ангезиши шахсони алоҳида ба ин омилҳо мебошад. Аз ин рӯ «пешвоиро» аз рӯи китобҳо ва манбаъҳои фаровон, осори бадеию таърихӣ ва илмӣ чун «Таърихи Табарӣ», «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, афкору ақоиди Ҳофиз, Саъдӣ, Бедил омӯхтан мувофиқи мақсад аст.

Пешвой ҳамчун натиҷаи хизмати беғаразона ба шахсоне мебошад, ки менеҷер пешво мегардад ва худро ғуломи одамон ва кор ҳисобида, бо он зиндагӣ ва кор мекунад.

  1. Алтманн Г.Х. Звездные часы лидерства. Пер. с немец. — М. АО. Интерэкспорт, 1999.
пешина
аз 512
навбатӣ