Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ИқтисодиётТиҷоратИдоракунӣ
Аз аввал хондан
  1. Системаи назорати сифати мол ва хизматрасонӣ, бурдани корҳои стандартикунонӣ ва сертификатсияи мол, ташкили дурусти системаи алоқа ба бозор, ташкили таъминот ва фурӯши молро таъмин карда тавонад.

19.2. Сохтори идоракунии ташкилотҳо

Яке аз нишондиҳандаҳои ташкилот ин мавҷуд будани маркази ташкилие, ки фаъолияти аъзоёни ташкилотро ҳамоҳанг месозад ва ягонагии фаъолияти онҳоро барои ба мақсад расидан таъмин месозад.

Дар менеҷмент ин фаъолиятро «системаи идоракунӣ» меноманд, ки он кулли шаклҳои иттиҳоди одамон, ҷараёни идоракунии тамоми ташкилот ва системаҳои алоҳидаи онро фаро мегирад.

Системаи идоракунӣ гуфта, сохтор ва унсурҳои батартибдарорандаро меноманд.

Сарчашмаи асосии сохтори имрӯзаи идоракунӣ бевосита тақсимоти васеи ҷамъиятии меҳнат ба монанди кооперация, махсусгардонӣ ва тақсимоти дохилии истеҳсолии меҳнат мебошад.

Асоси сохтори идоракунии ташкилот, ин талабот ба идоракунии самараноки иқтисодӣ ва илмӣ буда, шаклҳои моликият метавонанд ҳархела бошанд. Тағйир ёфтани шаклҳои моликият ба пайдоиши ҷамъиятҳои саҳҳомӣ, концернҳо, ассотсиатсияҳо ва корхонаҳои хусусӣ дар Тоҷикистон оварда расонидааст.

Маҳз чунин як тағйирот дар 30-соли охир ҳукмронии бевоситаро дар истеҳсолот аз моликиятдор ба дасти технократҳо ва менеҷерон додааст.

Асоси сохтори идоракунӣ омили миқдорӣ низ мебошад, чунки имконоти идоракунӣ бояд объекти муайянеро, ки аз уҳдааш мебарояд, дошта бошад. Дар менеҷмент онро диапозони муҳити назорат меноманд. Ғайр аз ин тадқиқотҳо нишон медиҳанд, ки самаранокии идоракунӣ аз қобилияту кордонӣ ва мураккабию шароити кор вобаста мебошад.

Мисол дар шароити оддии корӣ як роҳбар метавонад 40-50 нафарро идора намояд: дар ҳолати мураккаб бошад 7-10 одамон ва дар табақаҳои болоии идоракунӣ 4-5 одамро идора мекунад.

пешина
аз 512
навбатӣ