Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Мафҳум ва моҳияти сохтори идоракуниро сарфаҳм рафта, мумкин аст, ки самаранокии фаъолияти онҳо муайян карда шаванд. Дар амалия аксар ҳолатҳое мешаванд, ки сохтори идоракунии ташкилшуда на барои иҷрои кор кӯмак мерасонад, балки халал ҳам мерасонад.

Махсусан дар системаи бюрократии идоракунӣ, табақаҳои мобайнии зиёдатие пайдо мешаванд, ки садди роҳи ҷараёни идоракунӣ мегарданд. Аз ҳад зиёд шудани дастгоҳи идоракунӣ низ боиси хароҷотҳои зиёд шуда, идоракунии болои ҳам, ё дубораро пайдо мекунад, ки ин аз нигоҳи менеҷмент нодуруст мебошад.

Ҳамин тариқ дар фаҳмиши сохтори «идоракунӣ»:
моҳият, ҳамчун унсури банизомдори ин сохтории корхона;
сарчашма, ин тақсимоти ҷамъиятии меҳнат;
асоси идоракунӣ, ин шаклҳои гуногуни моликият;
омили миқдорӣ, андозаи сохтори идоракунӣ нишонаи самаранокии идоракунӣ рушди илмию техникӣ мебошад.

Мақоми марказиро дар сохтори идоракунӣ «омили инсонӣ» мебозад ва он асосан миқдори мутахассисонест, ки дониши касбии идоракунӣ доранд.

Самаранокии фаъолияти сохтори идоракунӣ дар менеҷмент ҳолате таъмин мегардад, агар роҳбарияти корхона фаъолиятҳои зеринро иҷро карда тавонад:

  1. Алоқаманд будани тамоми сохторҳои таркибии истеҳсолии функционалӣ барои ба мақсади умумӣ расидан.
  2. Мустаҳкамии ҷараёни коммуникатсияи идоракунӣ, аз боло ба поён ва аз поён ба боло, инчунин таъмин намудани ҷараёни коммуникатсияи уфуқӣ дар ташкилот.
  3. Ҷорӣ намудани қоидаи яккасардорӣ дар ҳама табақаҳои идоракунӣ ва қоидаҳои тақсимоти ҳуқуқу вазифаҳо дар асоси қоидаи демократӣ.
  4. Оромию якдигарфаҳмӣ дар идоракунӣ, таъмини ташкили мунтазами кор ва қабули кор;
  5. Қобилияти зуд дарк кардани тағйиротҳои муҳити дохила ва беруна, беҳтар кардани усулҳои ҳаракатҳо ва таъсиррасонии идоракунӣ, инчунин тез аз байн бурдани унсурҳои монеавии идоравӣ.
пешина
аз 512
навбатӣ