Элиза ва қувони ваҳшӣ

Ин китоб як афсонаи машҳури нависандаи датӣ Ҳанс Кристиан Андерсен дар бораи духтаре ба номи Элиза ва бародарони вай аст, ки ба қувони ваҳшӣ табдил ёфтаанд. Барои наҷот додани бародарон аз ҷоду, Элиза бояд душвориҳои зиёдеро паси сар кунад ва либосҳои сеҳрнок бофта барад.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 26 саҳифа
Ва онҳо дар атрофи Элиза ҷамъ шуда, мехостанд куртаҳои бофтаашро аз дасташ биситонанд. Ногаҳон аз куҷое ёздаҳ қу парвозкунон омада, дар чор гӯшаи ароба нишастанд ва болҳои пуркуввати худро шалаппос занондан гирифтанд. Мардум тарсида, худро ақиб кашиданд.
– Ин нишонае аз осмон аст! Ӯ бегуноҳ аст, – бисёриҳо пичир-пичир мекарданд, аммо ҷуръати ба забон овардани ин суханҳоро надоштанд.
Ҷаллод дастони Элизаро қапид. Аммо ӯ шитобон ба ёздаҳ қу куртаҳоро пӯшонд ва дар наздаш акнун ёздаҳ шоҳзода падидор гаштанд. Танҳо барои бародари аз ҳама хурдӣ як остин намерасид, аз ин рӯ, ба ҷойи як даст дар тани ӯ пари қу буд: вақти Элиза барои бофтани як остин камӣ кард.
– Акнун ман метавонам гап занам! – гуфт ӯ. – Ман гунаҳгор нестам!
Мардум ин манзараро дида, дар назди Элиза, сари таъзим фуруд оварданд, аммо Элиза беҳуш шуда, ба оғӯши бародаронаш афтид, – то ҳамин дараҷа шиддати азобу машаққат ва тарсу ҳарос ба ӯ таъсир расонда буд.
– Бале, ӯ гунаҳгор нест! – гуфт бародари аз ҳама бузург ва тамоми саргузашташонро ба мардум нақл кард. Ҳангоме ки ӯ сухан мегуфт, дар ҳаво бӯйи хуш паҳн мегашт. Ин натиҷаи он буд, ки ҳар ҳезуми оташи афрӯхташуда решаву тана карда, буттаи хушбӯйи баланди пур аз гули садбарги сурх падид омад. Дар фарози ин бутта як садбарги сафеди мисли ситора дурахшон меистод. Подшоҳ онро канда, ба қафаси синаи Элиза гузошт, ӯ хушбахтонаву масрурона ба ҳуш омад.
Тамоми зангӯлаҳо худ ба худ садо дардоданд, парандаҳо тӯда-тӯда сурудхонон парида омаданд ва дар қаср базму тӯйе барпо шуд, ки ягон подшоҳ чунинашро то ҳол надида буд!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё