Зеҳн
Элиза ва қувони ваҳшӣ

Ин китоб як афсонаи машҳури нависандаи датӣ Ҳанс Кристиан Андерсен дар бораи духтаре ба номи Элиза ва бародарони вай аст, ки ба қувони ваҳшӣ табдил ёфтаанд. Барои наҷот додани бародарон аз ҷоду, Элиза бояд душвориҳои зиёдеро паси сар кунад ва либосҳои сеҳрнок бофта барад.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 26 саҳифа

АфсонаКӯдакон
Аз аввал хондан

монанд буданд. Элиза ҳеҷ гоҳ худро ин гуна
танҳо эҳсос накарда буд.

Шабона ҳаво ториктар шуд. Ҳатто як кирми
шабчароғ ҳам рӯшноӣ намедод. Элиза ғамгинона
дар болои алафҳо дароз кашид

Чун саҳаргоҳ шуд Элиза ба роҳ баромад ва бо пиразане рӯ ба рӯ шуд, ки як сабад буттамева дошт. Пиразан ба ӯ як мушт буттамева дод. Элиза аз ӯ пурсид, ки оё аз ин ҷо ёздаҳ шоҳзода нагузаштаанд?

– Не, – гуфт пиразан. – Вале дирӯз дар дарё ёздаҳ қуро дидам, ки ҳама дар сар тоҷи зарин доштанд.

Ва пиразан Элизаро ба лаби ҷарие овард, ки дар зери он дарё ҷорӣ мешуд. Дар ҳарду соҳили дарё дарахтони зиёд рӯйида буданд, ки шоҳсори дарозу пурбаргашон ба истиқболи якдигар печ мехӯрданд. Дарахтоне, ки шоҳсорашонро ба шохсори дарахтони соҳили дигар печонида натавонистаанд, дар сатҳи об чунон қад кашидаанд, ки ҳатто решаҳояшон аз замин берун омадаанд.

Элиза бо пиразан хайрбод гуфта, сӯйи резишгоҳи дарё, ки обаш ба баҳри кушод мерехт, роҳ пеш гирифт.

Ва акнун дар рӯ ба рӯйи духтар баҳри беканори
ҳайратангезе доман густурда буд, вале дар ҳеҷ як
гӯшаи он бодбоне дида намешуд, заврақе ҳам ба
чашм намерасид, ки шинокунон ӯро ба дуриҳои

пешина
аз 26
навбатӣ