Элиза ва қувони ваҳшӣ

Ин китоб як афсонаи машҳури нависандаи датӣ Ҳанс Кристиан Андерсен дар бораи духтаре ба номи Элиза ва бародарони вай аст, ки ба қувони ваҳшӣ табдил ёфтаанд. Барои наҷот додани бародарон аз ҷоду, Элиза бояд душвориҳои зиёдеро паси сар кунад ва либосҳои сеҳрнок бофта барад.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 26 саҳифа
дур барад. Элиза ба харсангҳои бешуморе, ки баҳр онҳоро ба соҳил берун афкандааст, нигарист. Об онҳоро чунон суфта карда буд, ки тамоман ҳамвору мудаввар шудаанд. Ҳама чизҳои боқимонда: шишапораву оҳану санг, ки баҳр ба соҳил баровардааст, нишони ин суфтагиро доштанд, ҳол он ки мавҷҳо нармтар аз панҷаҳои нозуки Элиза метофтанд. Элиза андешид: «Мавҷҳо пайваста яке пайи дигаре дар ҳаракатанд ва оқибат ҳама гуна ҷисми сахттаринро суфта мекунанд. Ман ҳам ба мисли ҳамин мавҷҳо ҳамеша талош хоҳам кард! Барои сабақи омӯзондаатон сипосгузорам аз шумо, мавҷҳои рӯшану тезҳаракат! Дилам гувоҳӣ медиҳад, ки ягон рӯз шумо маро ба назди бародарони меҳрубонам мерасонед!»
Ногаҳон, ҳамин лаҳза, дар обсабзҳои хушкшудаи соҳили баҳр ёздаҳ пари қуро дид. Элиза ҳамаи парҳоро чида гирифт. Дар парҳо қатраҳо ҷило медоданд -- кӣ медонад, онҳо қатраҳои шабнам буданд ё қатраҳои ашк? Агарчи соҳили баҳр беодам буд, Элиза худро танҳо ҳис намекард. Баҳр ҳар лаҳза дигаргун мешуд. Ним соати тамошои ин ҷо баробар ба як соли соҳили кӯлҳои дигар буд. Агар дар осмон абрпораҳои сиёҳи бузург ба ҳаракат медаромаданд ва шамоли сахт мевазид, гӯйӣ баҳр нидо медод: «Ман ҳам метавонам рангамро сиёҳ бикунам!» - ва ҷӯш задаву талотум кардаву пур аз

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё