НИГОҲЕ БА РАВЗАНАИ ТАРБИЯ

Китоби мазкур маҷмӯаи мақолаҳо оид ба масъалаҳои тарбия ва парвариши насли наврас мебошад. Дар он масъалаҳои муҳими омӯзгорӣ ва рушди маърифати хонандагон баррасӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 54 саҳифа
шахсе дӯстдори Ватани хеш шуда метавонад, ки пухтакору меҳнатқарин бошад ва дар арсаи омӯзишу таҳсилу таълим хастагиро эҳсос накунад.
Арҷу сипос гузоридан ба истиқлолият аз муҳимтарин воҷиботест, ки бо дилбохтагии устувор ба он иртибот дошта бошем. Сол аз паи сол гузарон аст. Дастовардҳои истиқлолият ҳам рӯз ба рӯз дар афзудан аст ва касро ба рӯзгори дурахшону пурнишот дилгарм месозад. Бунёди биноҳои истиқомативу маъмурӣ, сохтани роҳхову иншоотҳои азим, кушодашавии нақби «Истиқлол» озодаву ороста нигоҳ доштани гулгашту хиёбонҳо ва дигар муваффақиятҳои чашмрас комёбиҳо ё меваҳои истиқлолият мебошанд. Аз дидану шунидани ин ҳама навгониву навсозиҳо, ки дар кӯтоҳтарин фурсат ба даст омад, кас ба ҳайрат меафтад. Ростӣ ин ҳама шигифтовар аст. Аз ин дидгоҳ ба арзи тарбиятгирандагон расонидани пирӯзиву комёбиҳои дар замони истиқлолият бо роҳбарии Президенти кишвар дарёфнамудаи мо ба ҳадафи арзишманд ва қобили таваҷҷӯҳ даст ёфтан мебошад, ки ба он бо сидқ сипосгузориро ба ҷо оварем.
Дар коллеҷи омӯзгории пойтахт дар ҷаласаи дарси кушоди тарбиявӣ таҳти мавзӯи «Истиқлолият неъмати бебаҳост» донишҷӯи соли дуюми факултети филологияи тоҷик Н., ин суханони ҷолибро баён дошт, ки мисол овардани онро қобили зикр кардан медонем, ки ин меҳрнома бо эҳсоси содиқонаи як нафар фарди ин ҷомеа баён гардидааст: «Сано бар он модаре, ки фарзанди дилшиносу сахопешаеро ба олами ҳастӣ оварда, ба миллати хеш тақдим намуд. Шукри беҳад ба он модаре, ки фарзанди зодаи ӯ пуштибони Ватану номбардори бузургони миллати хеш бишуд. Ҳамон родмарде, ки бо заковату хиради ҳаллоқонааш моро ба ҳам биовард ва моро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд. Ҳамакнун хизмати ба сомон додааш дар назди Ватану миллаташ собиқа надорад. Ҳамон фидоие, ки тамоми ҳастиашро баҳри шукуфоиву созандагии Тоҷикистони маҳбубаш нисор карданист. Ва бе муболиға ҳам кӯшишоти ӯ баҳри пиёда

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё