Зеҳн
НИГОҲЕ БА РАВЗАНАИ ТАРБИЯ

Китоби мазкур маҷмӯаи мақолаҳо оид ба масъалаҳои тарбия ва парвариши насли наврас мебошад. Дар он масъалаҳои муҳими омӯзгорӣ ва рушди маърифати хонандагон баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 54 саҳифа

МаорифМаърифатТаҳсилот
Аз аввал хондан

сохтани орзуву ормонҳои мардум лаҳза ба лаҳза рӯи об меояд. Ва хушҳолии пиру барноро интиҳое нест. Ҳамагон варо дӯст медоранд, ҳамчуноне ки модарашонро, зодгоҳашонро, миллаташонро. Ӯ бо мардум аст ва мардум бо ӯст».

Изҳори ин гуна андешаҳое, ки аз ҷониби ҷавони муосир садо медиҳад, баёнгари эҳсоси волои ватанпарастонаву ватанхоҳии онҳост. Ёддошт намудани суханони меҳрбору пурмояе, ки аз қалби ифтихорҷӯи ҳар фарди огоҳу бедори миллат рӯ мезанад, бидуни тардид асари амиқ бар ҷой мегузорад. Донишҷӯи дигаре дар ҳамон ҷаласаи тарбиявӣ андешаҳои ҳамдарсашро тақвият бахшида, садоқатмандии худро аз истиқлолияту иқболи рӯзафзуни кишвар чунин ба забон овард: «Истиқлолияти афкор, озодии сухан, фаъолияти бемонеаи азҳобу созмонҳои сиёсӣ, андешапардозиҳои бемайлон дар матбуоти даврӣ ин ҳама аз меваи шаҳдрези истиқлолят ва аз меҳрубониҳои фарзанди сарсупурдаи миллат Эмомалӣ Раҳмон аст, ки рӯзгор ба насли имрӯзиён арзонӣ фармудааст. Ин ҳама имконоту пешрафтҳои диданиву мондагор дар зеҳну замири мардум солҳои сол нақши носутурдании хешро хоҳад баст. Ва бояд аз он ҳама лаҳза шукргузор буд. Воқеан ҳам Эмомалӣ Раҳмон дар дунёи сиёсат фарди нотакрор аст. Ӯ дар сиёсати ҷаҳон мактаби сиёсие бунёд сохт, ки дар олами мутамаддин наметавон бар он назирашро қиёс намуд. Ҳақбиниву ҳақталошӣ, ҳақравию ҳақгӯй шиносномаи пайкори ӯст. Ғами миллатро ғами хеш медонад ва аз «фурӯғи рӯзи миллат» (таъбир аз устод Лоиқ) дар худ намегунҷад».

Дар оғози ҳар дарси парваришӣ ва ҷаласаҳои ба масъалаҳои ахлоқӣ бахшидашуда корбаст намудани ба ҳамин монанд лавҳаҳои ёдмон ва пуртаъсир ба тарбияи ватандӯстии мактабиён нақши баарзиштарро адо менамояд. Бояд иқрор шуд, ки доир ба ин мавзӯъ дар ҳамаи барномаҳои парваришӣ мавзӯъҳои алоҳида ҷудо карда шудаанд, ки ба шогирдон бо тамоми паҳлӯҳояш меъёру мақулаҳои ахлоқии ин мавзӯъро мавриди таҳлилу таҷзия ва баррасӣ қарор додан пурманфиат хоҳад буд.

пешина
аз 54
навбатӣ