Зеҳн
НИГОҲЕ БА РАВЗАНАИ ТАРБИЯ

Китоби мазкур маҷмӯаи мақолаҳо оид ба масъалаҳои тарбия ва парвариши насли наврас мебошад. Дар он масъалаҳои муҳими омӯзгорӣ ва рушди маърифати хонандагон баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 54 саҳифа

МаорифМаърифатТаҳсилот
Аз аввал хондан

Биё, бо ҳамсолонат дарс бихон

Ба муҳоҷирати меҳнатӣ рӯ овардани сокинони ҷумҳурӣ аз рӯи зарурат ва воқеияти рӯзгор буда, барои дарёфти эҳтиёҷоти зиндагӣ ва беҳбудӣ бахшидан ба кору сомони худ шаҳрвандон озими сафар ба ин ё он кишвар мешаванд. Ин хуб аст. Зиндагӣ ва каму костиҳои он моро ба он вомедорад, ки ба ҳама гуна ранҷу заҳмати гарон тоб оварда, бо бозёфтҳои ночиз муҳити созгору ҳаёти пурнишотро ба хонаводаи хеш муҳайё сохта бошем. Аммо мурод аз зикри ин нуқта чизи дигар аст. Иддае аз ҳамватанони мо ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта нияти бозгашт ба кошонаи худ намекунанд ва ҳамзамон волидону аҳли байти хешро ба гӯшаи фаромӯшӣ месупоранд ва ё қисмате аз пасандозҳои худро ба хонаводаашон намефиристанд. Воқеан ин амал натиҷа ва оқибатҳои мубҳаму печидаеро низ ба дунбол дорад.

Парвариш ва тарбияи мустақими фарзандон муқаддастарин вазифаи падару модарон мебошад. Аз ин дидгоҳ агар ба аҳволи фарзандони волидонашон солиёни зиёд дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарордошта мулоҳиза фармоем, дармеёбем, ки нобасомониву ноҳамвориҳо дар хулқу атвори ин тоифа фарзандон роҳ ёфта, онҳоро дар кӯчаи пурпечутоби мушкилиҳои рӯзгор андохтааст. Дар ин замина чандин омилҳоеро метавон номбар кард, ки боиси ба вуҷуд омадани рафтори номуносиб дар ниҳоди фарзандон мегардад:

  • тарбияи фарзандонро ба ашхоси ғайр вогузор намудан;
  • ба вазъи маишӣ ва иҷтимоии фарзандон эътибор надодан;
  • ба муҳити несолим шомил гардидани наврасон;
  • ба фарогирии дониш таваҷҷӯҳ нафармудан ва гурез аз мактаб;
  • дар сари кӯчаву бозор ба муздурӣ машғул шудан;
  • бо мақсади ба даст овардани даромади ройгон роҳи дуздиву ғоратгариро пешаи худ сохтан ва амсоли инҳо.
пешина
аз 54
навбатӣ