НИГОҲЕ БА РАВЗАНАИ ТАРБИЯ

Китоби мазкур маҷмӯаи мақолаҳо оид ба масъалаҳои тарбия ва парвариши насли наврас мебошад. Дар он масъалаҳои муҳими омӯзгорӣ ва рушди маърифати хонандагон баррасӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 54 саҳифа
Тадқиқотҳои озмоишӣ ифодагари он аст, ки аз назорати муттасили мактаб ва оила дур мондан, ба андешаи дарёфти маблағи муайян афтодан, аз пайи корҳои ношоям роҳ паймудан, ҳамнишинӣ бо ҳамсолони бадгӯву каҷрафтор, бенавоӣ ва камбизоатии аз ҳад беш наврасонеро, ки бо сабабҳои гуногун волидонашон дар ҳиҷрат қарор дошта, боре ҳам ёд аз аҳли хонаводаи худ намекунанд, боис ба он гардидааст, ки наврасон рафтори мусбати худро аз даст диҳанд. Ин ҳама бефарқиву беэътиборӣ, ки сабабгори он пеш аз ҳама падарони худхоҳу фарзандбезор мебошанд, қалби ормонпарасти наврасонро шикаста, онҳоро дар чаҳорраҳаи яъсу нотавонӣ мегузорад.
Воқеият он аст, ки мушкилоти ин гуна наврасон беш аз ҳад буда, дар ҳалли он кас ба душворӣ мувоҷеҳ мегардад. Зеро ин гиреҳҳоро наметавон ба осонӣ кушод. Гунаҳгор дар ин маврид ҳамон шахсест, ки ишрати лаҳзаинаи худро аз арзишҳои маънавии инсонӣ боло мегузорад. Фурсате сар ба зонуи тафаккур намениҳад, ки имрӯзу фардои авлодаш ба чӣ мазмун ҷараён мегирад. Бояд дар назди виҷдони худ азоб кашад ва роҳеро интихоб кунад, ки мақбули худ ва атрофиён бошад, на мавриди накӯҳиш ва мазаммати дигарон қарор бигирад.
Кайфият ва ҳолати рӯҳии наврасоне, ки муддатҳо аз тарбият дар канор мондаанд, ниҳоят риққатовар ва нигаронкунанда мебошад. Рӯҳияи равонии онҳоро бо суханони пучу урён дармон карда намешавад. Масалан, писареро пеши дида оред, ки чаҳордаҳсола аст, вале муштоқи дидори падар ва боре ҳам меҳри падаронаро эҳсос накардааст ва бо дидагони умедвор ба омадани ӯ интизор аст. Кай ва кадом замон ӯ бо падари хеш вомехӯрад ва он ҳама захмҳои марҳамхоҳи қалбу рӯҳашро даво мебахшад.
Ин калонсолонанд, ки кори тарбияро саҳл пиндошта, ба он аҳамият надодаанд. Яъне, ин ба он маъност, ки мустақилияти бештаре ба фарзандон тақдим дошта, аз оқибатҳои нохуши он заррае ҳам фикр накардаанд. Таҷзия ва таҳлилҳои воқеӣ баёнгари он аст, ки озодӣ ва мухторият

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё