Зеҳн
НИГОҲЕ БА РАВЗАНАИ ТАРБИЯ

Китоби мазкур маҷмӯаи мақолаҳо оид ба масъалаҳои тарбия ва парвариши насли наврас мебошад. Дар он масъалаҳои муҳими омӯзгорӣ ва рушди маърифати хонандагон баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 54 саҳифа

МаорифМаърифатТаҳсилот
Аз аввал хондан

ба як нафар нигаронида шудааст, аз ҳар сӯ ба сӯҳбат ширкат варзида фикрҳои хому пухтаи худро иброз медоранд. Таъкид бояд дошт, ки ҳеҷ як нафаре ахлоқан ҳақ надорад, ки ҳангоми мубоҳисаи устод бо шогирде ба ӯ луқма партояд ва ё ҷилави суханро ба даст бигирад, то ба он лаҳзае, ки омӯзгор ба ӯ иҷозати ба гуфтугӯи онҳо ҳамроҳ шуданро надиҳад. Аммо дар мактабҳои муосир акси ин ҳолро мувоҷеҳ мешавем ва ҳатто ин амали нороҳаткунанда дар донишкадаву донишгоҳҳои олӣ низ ба дида бармехӯрад. Аз ин рӯ, моро мебояд, ки чӣ гуна одоби муошират доир намудан ва эҳтироми ҳамдигарро ба ҷо оварданро дар ниҳоди шогирдон аз ибтидои таҳсил парвариш диҳем. Вобаста бо ин маънисоз аст афзуд, ки баҳри бартараф намудани ин шева танбеҳ ва накӯҳишро ба кор гирифтан нашояд. Ба ишораи донишманди эронӣ Абдуллоҳи Шафеъободӣ «Контроли шадиди кӯдак ва корбурди танбеҳ яке аз равишҳои қадимии тарбияи кӯдак мебошад.... Кӯдак дӯст дорад озод бошад ва озод зиндагӣ кунад. Танбеҳ ва тарсонидан рафтори интиқомҷӯёнаро дар кӯдак боис мегардад. Ҳамчунин кӯдак ба хотири гурез аз танбеҳ дар аксар маворид рафторҳои ношоистаи худро ба дигарон иснод медиҳад ва дар натиҷа дурӯғгӯӣ, пинҳон кардани воқеият ва соири рафторҳои номуносибро меомӯзад. Бад-ин лиҳоз равиши қадимии тарбияти кӯдак, ки ба танбеҳ ва сарзаниш мутаккӣ бошад, мардуд шинохта шудааст». Ақидаи фавқ на танҳо ба кӯдакон, балки ба бузургсолон низ тааллуқманд аст.

Барои он ки мазаммат ва сарзаниш намудани наврас дар ҳалқаи ҳамсолонаш ба ботини ӯ таъсири манфӣ гузошта, ба бебоку густохтар рафтор кардани наврас сабабгор мегардад, ки ин ифодаро тадқиқотҳои мутааддиди илмӣ низ ба исбот расонидааст.

Аз ин дидгоҳ роҳу равишеро бояд ҷустуҷӯ намуд, ки ба ташаккули шахсияти фард кӯмакрасон бошад. Қабл аз ҳама шинохтани фардияти ҳар як нафар аз нигоҳи равонӣ ба шумор меояд, ки дар ин замина пухтакориву таҷрибаи кофии касбиро доро будани тарбиятгарро ба инобат гирифтан ва ба кор андохтан натиҷаи дилхоҳ ба бор хоҳад овард.

пешина
аз 54
навбатӣ