НИГОҲЕ БА РАВЗАНАИ ТАРБИЯ

Китоби мазкур маҷмӯаи мақолаҳо оид ба масъалаҳои тарбия ва парвариши насли наврас мебошад. Дар он масъалаҳои муҳими омӯзгорӣ ва рушди маърифати хонандагон баррасӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 54 саҳифа
Дар баробари он ҳама таҳлилҳои дар боло зикрёфта ҳаминро ҳам ёдрас карданием, ки шогирдон дар истифодаи ботартиби вақт ва макону замони омӯзиш бо ҷиддият муносибат надоранд. Ҳарчанд ки реҷаи муайяни рӯзи хонандагон бо ба инобат гирифтани хусусиятҳои синнусолиашон тақсимбандӣ шуда, дар ҷойҳои намоёни синфхонаҳо овезон аст, вале риояи бонизоми он аз тарафи онҳо бо таври бояду шояд корбаст намегардад. Аз сӯи дигар тарбиятгарон низ ба муҳим будани ин масъала эътибори махсус намедиҳанд.
Асосан дар мактабҳои муосири мо таълим дар ду баст ҷараён дорад. Нарасидани синфхонаҳо аз як тараф, таъмин набудани омӯзгорони фаннӣ дар баъзе мактабҳои ҳамагонӣ аз дигар тараф сабаби дар ду баст фаро гирифтани хонандагон гардидааст. Агар донишазхудкунии шогирдон дар замони субҳгоҳӣ ва баъд аз нисфирӯзиро дар муқоисаву муқосила мавриди таҷзия ва таҳлил қарор диҳем, ба он натиҷа мерасем, ки раванди таҳсил дар ҳар ду баст яксон нест. Тадқиқотҳои озмоишии муҳаққиқон собит намудааст, ки ҳифз ва ҳазми маводи таълимӣ ба ҳангоми бомдодон судмандтарин фурсат ба шумор меояд. Ин ҳақиқати бебаҳс аст, ки ба шарҳу эзоҳи муфассал эҳтиёҷ надорад.
Пайдост, ки лаҳзаи субҳ барои омӯхтану андӯхтан муносиб ва мувофиқ аст, зеро дар ин ҳангом шахс аз хоб бархоста, бо мағзу рӯҳи бикру тоза ба мутолиаи мавзӯъ ва супоришҳо мепардозад ва ба осонӣ ба фаҳму дарки мавзӯи мавриди омӯзиш муваффақ ва комёб мегардад. Файзу баракати субҳхезии пурманфиат мебошад ва ин маъниро бузургтони пешин ҳам дар осорашон таъйид ва таъкид доштаанд. Ба ин хотир кифоя аст, ки ҳадиси ҳикматбори Ҳазрати Муҳаммад(с)-ро биёварем: «Дар лаҳозоти субҳгоҳӣ ҷӯёи дониш бошед, зеро ман аз парвардигори хеш дархост намудам, ки субҳгоҳонро лаҳозоти хайру баракат ва фузунию саодат барои умматам қарор диҳам».
Дар мавриди таҳсил дар нисфирӯзӣ ҳамин қадар метавон гуфт, ки дар вуҷуди инсон хастагию мондагӣ падид меояд ва

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё