НИГОҲЕ БА РАВЗАНАИ ТАРБИЯ

Китоби мазкур маҷмӯаи мақолаҳо оид ба масъалаҳои тарбия ва парвариши насли наврас мебошад. Дар он масъалаҳои муҳими омӯзгорӣ ва рушди маърифати хонандагон баррасӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 54 саҳифа
чунин ҳолат ҳам воқеъ мегардад, ки иддае аз омӯзгорон бо ба забон овардани суханони зишт дилозорӣ намуда, наврасонро мавриди накӯҳиш қарор медиҳанд. Ба ин рафтори номатлубашон дар ҳалқаи ҳамкорону шогирдон ба обрӯву эътибори омӯзгор испод меоранд, ин хислати нописандида, ҳисси бадбинӣ ва интиқомҷӯйро дар сиришти наврасон бедор намуда; ба бадзабонӣ рағбат пайдо мекунанд, натиҷа он мешавад, ки тарбияи ин гуна наврасон пешорӯи омӯзгорон мушкилиҳои зиёдеро илова мекунад.
Нақши роҳбари синфро ба ҳайси тарбиятгари воқеӣ дар ин ҷода набояд аз назарҳо дур андохт. Маҳз ба туфайли заҳмати содиқонаи роҳбари синф шогирдон роҳу росту мустақими тарбияро паймуда, аз паи ислоҳи хислатҳои нописандидаи худ мегарданд. Вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як омӯзгор, хоса роҳбари синф он аст, ки симои зоҳирӣ ва ботинии ҳар шогирдро дар алоҳидагӣ дарк кунад ва калиди муносибат кардан бо онҳоро дарёбад. Бо нигоҳи таҳқиқ нигаристан ба хусусиятҳои фикрӣ, ҷисмонӣ ва маънавии ҳар як шогирд аз ҷумлаи вазифаҳоест, ки омӯзгор ба ихтиёр дорад. Ба ин васила дар ташаккули ахлоқии хонандагони худ хидмати беминнатӣ мекунад. Таъкидан бояд баён дошт, ки шахсияти ҳар як нафарро ба унвони инсони воқеӣ пазируфта, дар рушду нумӯи сифатҳои ахлоқии шогирдон боарзиштарин саҳмро гузошт. Ҳар як омӯзгор ба сифати равоншиноси озмуда амал намуда, аз нигоҳи равонӣ ба сурати инфиродӣ тарбиятгирандагонашро омӯзад. Пасон ба хусусиятҳои синнусолӣ, инкишофи ақлӣ, ҷаҳонбиниву ҷаҳонфаҳмӣ, худтарбиякунӣ ва худташаккулдиҳии шогирди хеш диққати асосӣ дода, дар такомули ахлоқии фардии онҳо мусоидат намояд.
Ҷанбаи дигари номатлубе, ки иддае аз толибилмони мо
гирифтор ба он ҳастанд, ин мухторияти бештар додан ба
онҳост. Ба худмухторияти онҳо мусоидати бевоситаи волидон
ва хешовандон ёрӣ мерасонад. Илтифот ва марҳамати аз ҳад
афзуни атрофиён ва волидайн наврасонро шӯхтару бебок
намуда, дар ниҳоди онҳо сифатҳои номатлубро ниҳон

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё