НИГОҲЕ БА РАВЗАНАИ ТАРБИЯ

Китоби мазкур маҷмӯаи мақолаҳо оид ба масъалаҳои тарбия ва парвариши насли наврас мебошад. Дар он масъалаҳои муҳими омӯзгорӣ ва рушди маърифати хонандагон баррасӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 54 саҳифа
месозад, ки ҳамаи ин амрро нодида ангоштан хатост. Маъмулан мухторияти аз андоза беш ба онҳо имкон медиҳад, ки нописандӣ ба ҳамдарсону калонсолон кунанд, ба ҳарфи бузургтар аз худ гӯш надиҳанд ва хешро чӣ дар мактаб ва чӣ дар оила ҳокими мутлақ шуморанд.
Дар ин замина падареро пеши назар меорем, ки бо камоли меҳрубонӣ ба фарзандаш муносибат намуда, тамоми хостаҳои фарзандашро бекаму кост муҳайё месохт. Нозпарвари худро намегузошт, ки даст ба оби сард занад ва аз хӯрданиву пӯшиданӣ ҳам бениёз медошт. Аз арбадаҷӯиву бетамизиҳои нури чашми худ ба ҷои сарзаниш намудан, баръакс менозиду меболид. Беҳуда нафармудаанд, ки «Фарзанд агарчи айбнок аст, дар чашми падар зи айб пок аст». Ба чӣ тариқа тарбия ёфтани ин гуна фарзандон ба ҳамагон рӯшан аст, хоҷат ба ташреҳи аҳволу авзои баъдинаи онҳо нест. Ба ҳеҷ ваҷҳ омӯзгорон низ дар тарбияи чунин наврасон раҳгум зада, ба душвориҳо рӯ ба рӯ мешаванд.
Арз бояд дошт, ки чашм пӯшидан аз ҳаракатҳои ноҷои чунин шогирдон зиён ва таъсири ноҳуб ба ҷомеа мерасад ва ононро дар рӯҳияи ношикебоӣ ва носолимӣ қарор медиҳад. Дар ин раванд ягона ҳадаф ва иродаи устод дар тарбияи шогирд аз он иборат аст, ки шеваи мусолиҳакориву пирӯзгаронаро роҳандозӣ кунад ва қабл аз ҳама бар он кӯшад, ки бо рафтору кирдори сазовори худ намунаи ибрат ба шогирдон бошад. Бо лутфу марҳамат бо шогирдон ба насиҳатгӯй пардозад ва накӯшад, ки бо сахтгирӣ ва дагалрафтории аз доираи адаб дур онҳоро мавриди сарзаниш қарор диҳад. Баръакс бо ӯ дар алоҳидагӣ сӯҳбат ороста, шеваи кордонии судбахшро ба роҳ андохта, хулқу атвори сазоворро дар тинаташ ғунҷонида тавонад. Дар ҳалқаи ҳамдарсон ва ашхоси ғайри ӯро накӯҳиш накунад ва ин нуқтаро низ дар ёд дошта бошад, ки ба фармудаи оқиле «Насиҳат кардани дигаре дар байни ҷамъ боиси кӯбидани шахсияти вай мешавад». Аз сӯи дигар дар ин замина ташвиқу талқин ва омӯзонидани афкори ахлоқии суханварони пешин аз аҳамият холӣ нест. Мутолиаи осори ахлоқиву тарбиявии

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё