Зеҳн
НИГОҲЕ БА РАВЗАНАИ ТАРБИЯ

Китоби мазкур маҷмӯаи мақолаҳо оид ба масъалаҳои тарбия ва парвариши насли наврас мебошад. Дар он масъалаҳои муҳими омӯзгорӣ ва рушди маърифати хонандагон баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 54 саҳифа

МаорифМаърифатТаҳсилот
Аз аввал хондан

дар он ҳолат наврасон ҳам аз вижагиҳои хос ва макбули он пайгирӣ менамоянд. Ҷиҳати кашфи натиҷаи ин масъала ду оиларо дар ҳолати риояи муомилаву муносибати дохили хонаводагӣ пеши назар оварда, ба мизони таҳлил мегузорем. Яке оилае, ки покравтору хушмумила ва таҷрибаандӯхтаву вазифашинос мебошад, дигаре баръакси аҳволи фавқ рӯзгор ба сар мебаранд. Аз чунин муқоисаву муқобилагузорӣ метавон ба хулосае омад, ки тарбият дар ин ду хонавода якрангу якнавохт ҷараён надорад. Ин омили нобаробар боис ба он мегардад, ки дар хулқу хӯи наврас падидаҳои равшану амиқи мусбат ва ё манфӣ пайдо шаванд.

Пас шеваи тадбир кадом аст, ки ин ҳама тафовутҳоро аз ҳам пошад. Албатта, волидонро лозим меояд, ки пеш аз ҳама тинаташонро бо либоси тозаи ахлоқӣ пероста доранд, то авлодашон аз он бо ғояти фараҳмандӣ истиқбол намоянд. Волидонро ин муваффақият замоне даст медиҳад, ки бо донишҳои мукаммали педагогӣ мусаллаҳ бошанд ва ба рафтору кирдори худ эътибори ҷиддӣ дода, дар тарбияи фарзандон он ҳама равияҳои ҷолибро ба кор андозанд.

Баҳри самараи матлубро соҳиб гаржидан дар роҳи тарбияи насли наврас иртиботи мустаҳками мактаб бо оиларо ҳамаҷониба бояд таҳти назорат қарор дод. Аз рӯи мушоҳидаҳо агар тарафе дар кори тарбия ба саҳлангорӣ роҳ диҳад, мӯҷиби он мешавад, ки дар вуҷуди наврас нишонаҳои номатлуби ахлоқӣ пайдо гардад. Зикри ин нукта муҳим аст, ки хислатҳои шоиста ба якборагӣ дар сиришти ҳар як фард такомул намепазирад, балки эҳтиёз ба замон дорад, яъне батадриҷ пурра ва комил мегардад.

Вобаста ба ин мақсад суханони Президенти мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба маврид аст биорем, ки таҳсилоти самараноки кӯдаконро танҳо тавассути ҳамкории волидайн бо мактаб боровар хонда, афзудааст: «Мактаб дар сурате ба ташаккули ахлоқу рафтор ва донишҷӯии кӯдакон бештар муваффақ мегардад, ки агар падару модар бо мактаб робитаи доимӣ дошта, ба таълиму тарбияи

пешина
аз 54
навбатӣ