Зеҳн
НИГОҲЕ БА РАВЗАНАИ ТАРБИЯ

Китоби мазкур маҷмӯаи мақолаҳо оид ба масъалаҳои тарбия ва парвариши насли наврас мебошад. Дар он масъалаҳои муҳими омӯзгорӣ ва рушди маърифати хонандагон баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 54 саҳифа

МаорифМаърифатТаҳсилот
Аз аввал хондан

фарзандони худ ҷиддӣ машғул бошанд. Таълиму тарбияи хуби фарзанд аз оила шурӯъ мегардад ва дар натиҷаи ҳамкории омӯзгорону волидон сайқал меёбад» Қобили қайд кардан аст, ки танҳо туфайли ҳамбастагии маҳками волидону омӯзгорон, ки тарбиятгарони воқеӣ дар парвариши наврас ба шумор меоянд, метавон дар ин ҷода ба муваффақиятҳои сазовор даст ёфт.

Инсон дар тамоми давру замонҳо эҳтиёҷ ба тарбият дорад ва дар зимн бояд ёдовар шуд, ки барои парвариши насли инсон таъсири муҳит низ муҳим аст. Зарурати рӯ ба камол овардани шахс ҳам ниёзмандиҳои ахлоқиро дар амал татбиқ сохтан аст, ки ин роҳ фуруду фарозҳои зиёдеро ба дунбол дорад. Дар вусъатёбии сифатҳои ахлоқии наврасон муҳити атроф нақши судманд мебозад. Маҳз муҳити созгору мувофиқ имконият медиҳад, ки наврасон дар такмил бахшидан ба рафтор ва кирдори худ муваффақона қадам ба қадам роҳ паймоянд. Вале муҳити носолим дар раванди ташаккулёбии шахс монеаҳо эҷод мекунад ва ногузир наврасро дар ҷаҳони паҳновари ахлоқ нотавон ва ноустувор нигоҳ медорад. Масалан, наврасеро пеши дида меорем, ки дар ҳалқаи зиштрафторону қабеҳгуфторони макони зисти худ ҳамалаҳза дар шинухез аст. Бегумон хулқу хӯи номутаносиби онҳо ботинан ва зоҳиран ба ниҳоди ӯ сироят мекунад ва хоҳу нохоҳ хислатҳои нохубро ба худ мегирад. Натиҷа ба он оварда мерасонад, ки даст ба корҳои ношоиставу зиёнбахш мезанад. Дар чунин ҳол набояд волидону атрофиён ба ин манзара ба ҳайси тамошобин назорагарӣ кунанд ва чашминтизор бар он бошанд, ки ин раванд оҳиста-оҳиста ислоҳ меёбад. Бетарафона муносибат намудан ба ин гуна рафтори наврасон дар ҳеҷ сурат фарҷоми қобили пазириш ба бор намеорад. Барои тақвияти ин фикр кифоя аст, ки суханони нуктасанҷи тарбиятгар Камолиддин Биноиро ба ёд оварем, ки фармуда: "Ҳар кӣ атвори неку бад гирад, ҳама аз ҳамнишинони худ гирад"

пешина
аз 54
навбатӣ