Зеҳн
НИГОҲЕ БА РАВЗАНАИ ТАРБИЯ

Китоби мазкур маҷмӯаи мақолаҳо оид ба масъалаҳои тарбия ва парвариши насли наврас мебошад. Дар он масъалаҳои муҳими омӯзгорӣ ва рушди маърифати хонандагон баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 54 саҳифа

МаорифМаърифатТаҳсилот
Аз аввал хондан

мушкилоти ҳалношуда байни волидон ва фарзандони муртакиб ба гуноҳ боқӣ намонад. Дар ҳамон сурат муваффақияти шоиста ба даст хоҳад омад, ки падару модарон бо лутфу марҳамат ва ҳусни тафоҳум бо аҳли байташон дар муносибат ва муомила бошанд. Ҳамзамон муҳаббат ва самимияти беолоиши худро пеши назари фарзандон ба ҷилва оранд, чунки онҳо ниёзи бештар ба алоқамандӣ ва пазириши мӯҳтарамона доранд.

Ба ташаккулёбии шахсият, пазирой аз хулқу атвори накӯ намудан, бо дилбохтагӣ ва садоқат аз паи омӯхтану андӯхтани дониш камар бастан, дар роҳи фазилату хислатҳои писандидаи инсониро дар ниҳоди худ парваридан ба насли наврас муносибати муштоқонаи волидон ва омӯзгорон ҷойгоҳ ва нақши муассир дорад. Иртиботи мактаб бо оила замоне муваффакона рушду такомул мепазирад, ки аз ду ҷониб решаҳои устувори ниёзмандӣ ва хостаҳои тарафайни мавриди истиқбол ва татбиқёбӣ қарор ёбад. Мазмулан ҳамкории педагогию муаллим бо падару модарон дар шароити мактаби муосир бо ду роҳ: фардӣ ва гурӯҳӣ ба вуқӯъ мепайванданд. Дар айни ҳол чунин ба назар мерасад, ки ин ҳамкорӣ фақат миёни волидони хонандагон ба роҳбари синф сурат мебандад. Нодида набояд гирифт, ки омӯзгорони фаннӣ низ дар ин ҷода нақши барозандаеро мебозанд. Ҳарчанд ки онҳо танҳо дар ҷараёни дарс бо хонандагон сару кор гирифта, на ҳама вақт имконият пайдо мекунанд, ки аз фаъолияти густурдаи шогирдон огоҳии тамомитареро ба даст дароваранд.

Агар воқеан ҳам волидон хостори пешрафти фарзандонашон дар пазириши таълиму тарбияи пурсамари бошанд, бояд алоқаи пайвастаи худро бо омӯзгорони фаннӣ устувор ва дуруст ба роҳ монанд. Муҳимияти ин нукта бар ин асос аст, ки омӯзгори ҳар як фан оид ба донишазхудкунӣ, қобилияти зеҳнӣ, хулқу атвор ва одоби ӯ дар раванди тадрис ба шахсияти ҳар як хонанда аз дидгоҳи худ баҳо медиҳад. Аз ин ҷиҳат, волидонро лозим

пешина
аз 54
навбатӣ