Зеҳн
Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа

СанъатФарҳанг
Аз аввал хондан

бошад. Акнун бе биму ибо ӯро дар Тоҷикистон ҳам узви фарҳанги муштараки миллати дар байнаш марзи сунъӣ уфтода медонистанд. Нашри китоби "Боз омадам" дар соли 1992-ум, як сол баъди касби истиқлолият ифодагари ҳамин нуқтаи назар аст. Баъди нашри ин китоб мақолаҳои зиёде низ рӯи чопро диданд. Муҳимтарини онҳо навиштаи доктори илмҳои филологӣ, профессор Худойназар Асозода, "Лайлӣ, Лайлӣ, Лайличон" мебошад, ки баъдан дар маҷмӯаи "Чеҳраҳо" (Душанбе, "Адиб", соли 1996) ба табъ расид. Дар ин мақола профессор Худойназар Асозода аввалин маротиба дар матбуоти тоҷик дар бораи баъзе аз паҳлӯҳои норӯшани зиндагонии Аҳмади Зоҳир маълумоти муфассал медиҳад. Масалан, дар бораи сабабҳои марги Аҳмад Зоҳир иттилооти ӯ бештар ба ҳақиқат наздиканд. Ӯ инчунин дар бораи ҳусну кубҳи китоби "Боз омадам" то андозае ибрози ақида намудааст. Вале ба назари мо муҳим он аст, ки устод Худойназар Асозода дар мақолаи худ боз ҳам яке аз аввалинҳо шуда зарурати омӯзиши "мактаби эҷодии Аҳмад Зоҳир"-ро ба миён гузоштааст.

Мақолаҳои дигари пурмазмун ва пурмазмун дар бораи Аҳмад Зоҳир низ ба нашр расидаанд. Махсусан, мақолаҳои Зафар Мирзоев, Муҳаммади Эгамзод, Парвиз Пӯлодиро низ ном бурдан мумкин аст. Мусоҳибаи Пури Ҷаҳонгир дар рӯзномаи "Садои мардум" бо олим ва ҳофизи шинохта, дӯсти Аҳмад Зоҳир Ҷӯрабек Назриев хеле пураҳамият аст. Дар ин мусоҳиба низ маълумоти барои хонандаи тоҷик нав хеле зиёд аст. Махсусан, дар бораи муносибати Аҳмад Зоҳир бо Тоҷикистон ва ҳамзабононаш аввалин бор сухан дар ҳамин мусоҳиба меравад. Дар мусоҳибаҳои радиоӣ ва телевизионии худ

пешина
аз 338
навбатӣ