Зеҳн
Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа

СанъатФарҳанг
Аз аввал хондан

СУЛТОНИ ҲАМАД

Вале медидам, ки мардуми оддӣ Аҳмад Зоҳирро фаромӯш накардааст. Ман дар рӯзи таваллуди Аҳмад Зоҳир дар яке аз кӯчаҳои шаҳри Кобул, субҳи барвақт аз як полиси роҳ суол кардам, ки имрӯз чӣ рӯз аст? Ӯ бадеҳатан ҷавоб гуфт, ки имрӯз рӯзи мавлуд ва марги овозхони беҳамтои мо Аҳмад Зоҳир аст. Ман шоме дар гирди оромгоҳи вайронаву ба харобазор табдилёфтаи Аҳмад Зоҳир духтаракеро дидам, ки бо рӯбучини атрофи қабр машғул буд. Ман дар дохили қариб ҳар як таксии Кобул садои Аҳмад Зоҳирро мешунидам... Ман дар пироҳани баъзе аз ҷавонон дар баробари акси сипаҳсолори бемисл Аҳмадшоҳи Масъуд акси зебои Аҳмад Зоҳирро низ медидам.

"ЛАЙЛӢ, ЛАЙЛӢ, ЛАЙЛИҶОН,
ДИЛИМА КАРДӢ ВАЙРОН"

Таҳлилу таҳқиқи маводе, ки дар Тоҷикистону Афғонистон оиди ин ромишгари бузурги Шарқ ба нашр расидаанд, нишон медиҳад, ки рӯзноманигору нависандагони тоҷик бештар аз ҳамтоёни афғонии худ ба мавзӯи эҷодиёту шахсияти Аҳмад Зоҳир даст задаанд. Шодравон Муҳиддини Олимпур яке аз аввалин журналистони тоҷик буд,
ки дар Телевизиони Тоҷик дар намоиши "Ситораҳои
Шарқ" дар бораи Аҳмад Зоҳир барномаи вижае таҳия
кард. Баъдтар ӯ ба ҳайси хабарнигори бахши форсии радиои Би-Би-Си ба Амрико сафар карда, дар он ҷо бо зану
духтар, язна ва апаи Аҳмад Зоҳир мусоҳиба орост. Ин
мусоҳиба ҳамон солҳо аз тариқи бахши форсии радиои
Би-Би-Си пахш шуда буд. Махсусан, баъди касби истиқлолият ба ин мавзӯъ рӯ овардани журналистону алоқамандони Аҳмад Зоҳир дар Тоҷикистон набояд тааҷҷубангез

барои мутолиаи бештар ба сомонаи https://bikhon.tj/ муроҷиат намоед

пешина
аз 338
навбатӣ