Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа
доштам, ки баъдан онро дар саҳифаҳои ҳафтаномаи "Зиндагӣ" (28.07.2005) ба нашр расондам. Дар ҳамон мусоҳиба Ҷавоншери Ҳайдарӣ гуфт, ки сенарияи филмро худи ӯ дар асоси навиштаҳои нависандаи маъруфи афғон, Акрам Усмон ҳангоми дар муҳоҷират, дар Тоҷикистон буданаш эҷод кардааст. Сипас бо кӯмаки баъзе аз сармоягузорони афғонӣ аз Амрико ва равшанфикрони афғонии муқими Русия доктор Гӯё ва Шамси Ибодӣ соли 2000 наворгирии филмро дар Тоҷикистон шурӯъ намуд. Ҷавоншери Ҳайдарӣ мегӯяд, ки 60 фисади филмро дар Тоҷикистон гирифтааст. Аз муҳаббат ва самимияти ҳайати раҳбарии "Тоҷикфилм", махсусан Сайидҷон Пиров, ки дар он солҳо симати муовинияти раёсати "Тоҷикфилм"-ро ба ӯҳда доштанд ва хонум Гуландом, ки он вақт раис буданд, арзи сипос мекунам, ки маро бисёр дастгирӣ карданд. Воқеан Сайидҷон Пиров дар ин филм нақшеро низ бозидааст, нақши раиси раёсати саноати вазорати маорифи давлатии шоҳии Афғонистонро. Бояд бигӯям, ки ҳунармандони тоҷик аксари нақшҳои ин филмро бозидаанд. Масалан, шоира Меҳриниссо нақши модари шоирро бозидааст. Духтари ӯ Парвинаҷон низ дар ин филм нақше дорад. Ҳамин тариқ Мунираи Раҳим, Маҳинаҷон, Дилоромҷон, Раҷабалӣ Пиров аз ҳунармандони дигари тоҷиканд, ки дар ин филми Аҳмад Зоҳир нақше бозидаанд, - мегӯяд Ҷавоншери Ҳайдарӣ. Филм ду соату шаш дақиқаро дарбар мегирад ва омодаи нашр аст. Орзуманд ҳастам, ки вақте филм омодаи намоиш шавад, яке аз корҳои муҳиме, ки мехоҳам бикунам, як гурӯҳи синамогарон меравем ба Душанбе ва филмро дар ҳамон ҷо ифтитоҳ мекунем".
Ҷавоншери Ҳайдарӣ ба қавли худ вафо кард. Нахустнамоиши

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё