Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа
филми бадеии «Аҳмад Зоҳир — алмоси Шарқ» соли 2006 дар Душанбе баргузор гардид.
Баъди 27 соли ба шаҳодат расидан ин аввалин филми ҳунарие буд, ки дар бораи ин овозхони беназир рӯи пардаи синамо баромад ва танҳо ҳамин иқдом боиси таҳсин аст. Ситораҳое ҳамчун Аҳмад Зоҳир сазовори онанд, ки дар бораашон ҳазорҳо мақолаҳову садҳо китобҳо навишта ва даҳҳо филмҳои ҳунариву мустанад ба навор гирифта шавад ва ҳамаи ин мебоист дар даврони дар қайди ҳаёт буданашон сурат бигирад. Чуноне ки ин кор нисбати Гугуш, Алла Пугачева, Майкл Ҷексон ва ғайра ба вуқӯъ пайвастааст.
Азбаски филми «Аҳмад Зоҳир — алмоси Шарқ» аввалин иқдом дар ин самт аст, табиист, ки аз камбудиҳо холӣ нест. Чунин норасогиҳоро дар хоста гирифтани ҳунармандон барои иҷрои нақшҳои асосӣ, дар бозии ин ҳунармандон, дар таҳияи сенария, дар режиссураи ин филм эҳсос менамоем. Ҳарчанд таронаҳои Аҳмад Зоҳир, ки лобалои ин филм бо садои шевои худи овозхон пахш мегарданд, садди роҳи хасташавии тамошобиён мешаванд, вале тарзи истифода аз ин таронаҳо натавонистааст ба ин филм ҷаззобият бубахшад. Вале дар бораи ин норасогиҳои ҷузъӣ имрӯз чизе гуфтани нестем. Чизи муҳимтаре моро ба ташвиш овардааст.
Дар нахустнамоиши ин филм чеҳраҳои шинохтаи олами мусиқӣ, театр ва синамои Тоҷикистон ширкат варзиданд ва бархе аз онҳо дар сӯҳбат бо мо изҳор доштанд, ки аз он саҳнаҳои сершумори шаробхӯриву айшу нӯши зиёд дар маҳфили занҳои сабукпой чунин бардошт шуданаш мумкин аст, ки овозхон як умр бо ин кор машғул будааст

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё