Зеҳн
Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа

СанъатФарҳанг
Аз аввал хондан

Ашкҳои ман ҳамчун қатраҳои борон аст,
Қатраҳои борон аст пеши ёрам.

Чӣ навъе, ки мебинем ин байт ба бисёр талаботҳои шеърӣ ҷавобгӯ нест. Қабл аз ҳама вазну қофияро дар назар дорам. Дар бандҳои дигари ҳамин тарона низ ҳамин чизро мушоҳида мекунем:

Шикоятҳо дорам пеши кӣ гӯям?
Афсӯс надорам маҳрами розам.
Дастам ба домонат рӯзи қиёмат,
Ин бувад саволам бидеҳ ҷавобам.

Вале бузургии Аҳмад Зоҳир ҳамчун овозхон дар ҳамин буд, ки "чӯби хушкеро тавонистааст ба мо ҳамчун дастагуле" боқӣ гузорад. Маҳорати бемислу садои дилошӯбаш дар ин роҳ ба ӯ дасти кӯмак дароз кардаанд. Аз сӯи дигар шояд хӯрдагирии мо бемавқеъ бошад. Охир мақсади асосии овозхон на шеър, балки тарона гуфтанаст. Ва он матнеро, ки ӯ тавонистааст ба садову оҳанги худ мақбули алоқамандонаш бикунад, аллакай он суруд аст, санъатаст. Ва суруди "Ашкҳои ман ҳамчун қатраҳои борон аст" аз қабили таронаҳои писандидаи алоқамандонаш буд ва ҳоло ҳам ҳаст. Дар бойгонии мо чанд варианти ин суруд мавҷуд аст. Маълум аст, ки Аҳмад Зоҳир борҳо болои ин оҳанг кор кардааст. Воқеан, ин яке аз ҳамон сурудҳои Аҳмад Зоҳир аст, ки ба қавли худи овозхон, мусиқии Шарку Ғарб дар он ба ҳам омезиш ёфтаанд, оштӣ кардаанд. Нолаву садои найю чангу tabla бо саксафону гитор ҳар кадом чун шохобҳои

пешина
аз 338
навбатӣ