Зеҳн
Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа

СанъатФарҳанг
Аз аввал хондан

АЗ ҒАМАТ, АЙ НОЗАНИН,
АЗМИ САФАР МЕКУНАМ

Қобили зикр аст бигӯем, ки овозхони маъруф Ҳафизуллоҳи Хайёл бо хоҳиши масъулони фарҳангии Тоҷикистон ба хотири таҷрибаивазкунӣ бо ҳунармандони тоҷик дар анҷоми ин сафар чанд моҳи дигар дар кишвари мо монд ва бо ҳампешагони худ ҳамкорӣ кард. Ҳунарманди Мардумии Тоҷикистон Нуқра Раҳматова дар сӯҳбат ба мо он рӯзҳоро ба ёд оварда чунин гуфт:

-Он замон маро навакак ба филармонияи давлатӣ ба кор қабул карда буданд. Оқои Ҳафизуллоҳи Хайёл вақте сурудхонии маро шунид ба ман пешниҳод кард, ки як таронаи қадимии пашту "Чавел чи моз дигарде"-ро, ки ба гуфти ӯ хеле машҳур, вале мутаассифона, дар Афғонистон низ он рӯзҳо аз ёдҳо фаромӯш шуда будааст, бо кӯмаки ӯ таҳия намуда, сипас дар консертҳо бихонам. Ман бо хурсандӣ ин пешниҳодро пазируфтам. Бояд бигӯям, ки ба кӯмаки Ҳафизуллоҳи Хайёл ману Ҳоҷатбегим Пиронова сарояндаи хушовози филармонияи давлатии Тоҷикистон инчунин боз як таронаи машҳури афғонӣ "Имшаб қамар ин ҷост"-ро таҳия намуда аввалин бор дар саҳнаи тоҷик мо онро хондем. Дар радиои Тоҷикистон он суруди мо сабт шуда буд. Вале мутаассифона, чун баъзе сабтҳои дигари таронаҳои ману бархе овозхонҳои дигар он тарона низ гумном шудааст".

Ҷои зикр аст бигӯям, ки ин таронаро нависандаи ин сатрҳо дар иҷрои Нуқра Раҳматова ва Ҳоҷатбегим Пиронова

пешина
аз 338
навбатӣ