Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа
он солҳо борҳо шунида буд. Баъдан онро борҳо аз забони овозхонҳои афғонӣ чӣ марду чӣ зан шунидааст. Таронаи мазкур он замон хеле машҳур буд. Сабабаш он буд, ки муаллифи матни он тарона шоири эронӣ Шаҳриёр онро дар васфи Қамар ном як зани овозхони дигари дар ҳамон замон машҳури эронӣ навишта буд. Шоири машҳур Эраҷ Мирзо ошиқи он зан будааст. Дар ҳамон шеър Шаҳриёр ба ин нуқта низ ишора кардааст. Солҳои охир ин таронаро овозхонҳои ҷавони тоҷик боз аз сари нав ба рӯи саҳна оварданд, ки бешубҳа кори хайр аст. Махсусан овозхони умедбахш Содиқ Холов онро хеле самимона месарояд. Вале баъзе дигар, мутаассифона, ба нозукиҳои оҳангу маънии матн чандон аҳамияти ҷиддӣ намедиҳанд...
Бармегардем ба қиссаи рушди робитаҳои фарҳангии байни Тоҷикистону Афғонистон. Нуқра Раҳматова ҳикоя мекунад, ки соли 1962 як ҳайати устодони ҳунари мусиқии тоҷик иборат аз Аҳмад Бобоқулов, Рафаэл Толмасов, Муслима Боқиева, Маҳмудҷон Воҳидов, Зӯҳро Каримова ва Ҳаким Маҳмудов ба Афғонистон сафар мекунанд. Ва аз ҷавонҳо ӯро ба ин ҳайат шомил мекунанд. Вақте ки ӯ дар Кобул аввалин бор ҳамон суруди паштуро мехонад, аҳли толор ба по хеста то дер кафкӯбӣ менамоянд.
Ба ҳаводорони мусиқӣ ҳаминро мегӯем, ки Нуқра Раҳматова ягона овозхони тоҷик аст, ки ба забони пашту — забони дигари давлатии Афғонистон суруд хондааст ва ин суруд хушбахтона ҳанӯз ҳам дар фонди тиллоии радиои Тоҷикистон маҳфуз аст. Нуқра Раҳматоваро то ба ҳол дар Афғонистон ёд мекунанд, махсусан насли овозхонҳои солҳои 60-70-уми асри гузашта. Ҳангоми ба ҳайси хабарнигори

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё