Зеҳн
Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа

СанъатФарҳанг
Аз аввал хондан

суруди миллии Афғонистон дар даврони Муҳаммад Зоҳиршоҳ буд, нозукиҳои санъати мусиқии профессионалиро маҳз аз ҳамин оҳангсози тоҷик омӯхтааст. Воқеан, аввалин маротиба суруди миллии Афғонистонро таҳти дирижёрии устод Салими Сармаст дар иҷрои оркестри симфонии Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ дар Тоҷикистон сабт намудаанд. Марҳум Абдураҳими Сорбон хонандаи пуровозаи афғон, ки то ба имрӯз таронаҳояшро ҳам насли кӯҳансолу ва ҳам насли ҷавони овозхонҳои тоҷик мешунаванд ва мехонанд, борҳо дар мусоҳибаҳо ба хабарнигорон гуфтааст, ки ба олами мусиқӣ ӯ бо ҳидоят ва кӯмаки Меҳрубон Назаров, мутахассиси шӯравӣ аз Тоҷикистон, ки солҳои 60-уми асри гузашта дар Афғонистон дар соҳаи фарҳанг кор мекардааст, қадам гузоштааст.
Ба гуфтаи хонум Нукра Раҳимова Абдураҳими Сорбон бо мусоидати Меҳрубон Назаров чанд муддат дар Тоҷикистон, дар шаҳри Душанбе дар табобат низ будааст. Хотиррасон мекунем Меҳрубон Назаров, собиқ вазири фарҳанги Тоҷикистон, падари устоди эстрадаи тоҷик, Далер Назаров мебошад.

ТУ ГУЛИ НОЗИ ҲАМА
Агар бигӯем, ки зуҳури Аҳмад Зоҳир ба ҳайси овозхони маъруф дар саҳнаи профессионалӣ дар Афғонистон
оғози давраи наве барои санъати овозхонӣ дар Тоҷикистон низ буд, муболиға намешавад. Ҳарчанд Аҳмад Зоҳир
боре ҳам ба Тоҷикистон натавонист ташриф биёрад, аммо
садои ӯ аз тариқи радиои Афғонистон, тавассути кассетаҳои магнитофонӣ ба суръати хеле баланд дар байни
мардуми Тоҷикистон паҳн мешуд. Номи Аҳмад Зоҳир ва

пешина
аз 338
навбатӣ