Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа
сурудҳои ӯ аз охирҳои солҳои 60-ум ва оғози солҳои 70-уми асри гузаштаи мелодӣ дар байни мардуми аҳли фазлу ҳунар маҳбубияти хосае касб кард. Айнан дар ҳамин давра дар саҳнаи санъати овозхонии Тоҷикистон он зумра ҳофизони навҷӯе арзи вуҷуд карданд, ки ҳар кадом соҳиби мухлису ҳаводори худ буд. Ба ин гурӯҳи ҳофизони навҷӯ Зафар Нозимов, Ҷӯрабек Муродов, Одина Ҳошим, Ҷӯрабек Набиев ва сарояндаи сурудҳои эстрадӣ, марҳум Орифшо Орифов барин ҳунармандони боистеъдод дохил мешуданд. Ин ҳар кадом услуби худ, тарзи овозхонии хоси худро дошт. Имрӯз ба саволи он ки Аҳмад Зоҳир ҳамчун овозхон ба ин насли ҳофизони маҳбуби мо таъсире доштааст ё на, ҷавоб гуфтан хеле мушкил аст. Зеро дар репертуари онҳо сурудеро аз оҳангу таронаҳои Аҳмад Зоҳир пайдо кардан бисёр душвор аст. Вале дар хусуси он, ки ин ҳофизон Аҳмад Зоҳирро ҳамчун овозхони боистеъдод мешинохтанд, таронаҳояшро гӯш мекарданд ва ба ӯ ҳурмату эҳтиром қоил буданд, имрӯзҳо ҳам қиссаҳои ҷолиберо мешунавем.
Дар як сӯҳбати ихтисосӣ Артисти Халқии СССР устод Ҷӯрабек Муродов дар бораи мулоқоташ бо Аҳмад Зоҳир ба нависандаи ин сатрҳо чунин қисса кард: "Соли 1979 буд. Дар Афғонистон ҷанг мерафт. Мо амалан ба кишваре рафтем, ки дар он ҷо ҷанг буд. Ба ман навакак унвони Ҳунарманди мардумии Иттиҳоди Шӯравиро дода буданд. Аҳмад Зоҳир ҳамон вақт дар мусиқӣ инқилоб карда буд. Мусиқии Шарқу Ғарбро бо ҳам пайваста буд.
Ман бисёр мехостам, ки бо ӯ шинос шавам. Ман бо бисёр ҳунармандони машҳур ва маъруфи олам Алла Пугачёва, Иосиф Кобзон, Лев Лещенко, София Ротару, Зайнаб

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё