Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа
Хонларова, Раҷ Капур, Ҳафизуллоҳ Хайёл, Абдуҷалил Залонд, Қосимӣ ва боз дигарон аз наздик шинос ҳастам. Бисёр мехостам бо Аҳмад Зоҳир, ки дар мусиқии муосир инқилоб карда буд, бо ӯ низ шинос шавам. Суруди "Зим-зим"-ашро низ дар консертҳоям мехондам. Хулоса, дар рӯзи аввале, ки ба Афғонистон рафтам, аз намояндаи вазорати фарҳангашон хоҳиш кардам, ки маро бо Аҳмад Зоҳир шинос кунад.
Гуфтам, ки ман ҳам овозхон ҳастам ва мехоҳам, ки бо Аҳмад Зоҳир вохӯрам. Ҳа, хуб гуфтанду аммо коре накарданд. Борҳо боз ёдовар шудам, вале ҳеҷ не ки Аҳмад Зоҳирро бо ман шинос кунанд. Ҳатто норозигии худро ба онҳо аз ин корашон изҳор кардам. Гуфтам ё шумо ба Аҳмад Зоҳир чизе нагуфтед, ё ӯ назараш моро нагирифт.
Хулоса, рӯзи охирони дар Афғонистон буданамон дар саҳнаи "Кобул Нандори" консерт доштем.
Барандаи консерт ровӣ Бурҳон Раҳмонов буданд. Нигинабону Рауфова суруд хонданд. Мавлуда Ҷабборова рақс карданд. Навбати ман шуд. Суруди "Дили модар"-ро, ки матнаш аз устод Мирзо Турсунзода буд, хондам. Дар ҳамин вақт як ҷавони миёнақад дастагуле дар даст болои саҳна баромад ва маро ба оғӯш гирифта гулҳоро ба ман супурд ва гуфт:
"Ман ҳам дар бораи модар суруд хондаам, вале ин суруди шумо ҷигари маро реш-реш кард. Дар ин вақт толор
ба по хест. Айнан чуноне, ки дар стадиони Деҳлии Ҳиндустон 50 ҳазор тамошобин ба ҳурмати Раҷ Капуре, ки ба
саҳна барои маро табрик кардан баромада буд, аз ҷойҳои
худ хестанд, дар "Кобул Нандори" низ тамошобинон ба
ҳурмати Аҳмад Зоҳир аз ҷойҳои худ хестанд. Ба Аҳмад

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё