Зеҳн
Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа

СанъатФарҳанг
Аз аввал хондан

"Дидам нигори худро мегашт гирди хона"-ро, ки бар матни Ҷалолиддини Балхӣ таҳия шудааст, тайид намуд. Ин тарона солҳои 70-уми асри гузашта ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар Афғонистон хеле машҳур буд. Махсусан зиндаёд Хурмо Ширинова онро хеле ширин мехонд. Ман боре онро аз тариқи радиои Афғонистон он солҳо дар иҷрои Аҳмад Зоҳир шунидаам, мегӯяд Дона Баҳромов. Аз ҷониби худ арз мекунам, ки ҳамчун мухлис ва рӯзноманигоре, ки ҳаёт ва эҷодиёти Аҳмад Зоҳирро дер боз меомӯзад то ба имрӯз дар ягон ҷо нахондаам ва ё аз касе нашунидаам, ки овозхони номӣ оҳангҳои маҳз ҳамин се таронаро моли худ хонда бошад. Баръакс, хондаам ва шунидаам, ки таваҷҷӯҳи зиёде ба ҳунари мусиқии ҳамзабонони эрониву тоҷикиаш дошт. Дар репертуари Аҳмад Зоҳир оҳангҳои эҷодкардаи композиторони эрониро мо аҳён-аҳён мебинем. Масалан, оҳангсози сурудҳои машҳури "Гули сангам", "Як дил мега буру, буру" ("Султони қалбҳо") композитори маъруфи эронӣ Анушервони Рӯҳонӣ мебошад. Агар Аҳмад Зоҳир оҳангҳои композиторони тоҷикро низ ба репертуари худ ҷой дода бошад, ки ин ҳам аз эҳтимол дур нест, набояд боиси тааҷҷуб ва таҳайюри мо гардад. Баръакс, ин мояи ифтихор аст.

Худи Аҳмад Зоҳир дар ҷавоб ба саволи як хабарнигор эътироф кардааст, ки оҳангҳои баъзе аз таронаҳояш нусхабардорӣ ҳастанд. "Аммо аввалан ман аз он ситоиш намекунам, дуввумин мекушам оҳангро дар қоида ва шакли дигаре танзим кунам. Яъне аз он оҳанг илҳом бигирам ва завқи худро ҳам дар он саҳим созам ва саввумин ҳам, ин ки на ҳамеша ба дунболи нусхабардорӣ меравам ва нусхабардориро комилтар аз асл месозам. Аммо бо ҷуръат мегӯям, ки ҳеҷ оҳанги нусхабардоришударо зери

пешина
аз 338
навбатӣ