Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа
мактаби миёна сар карда то пири ҳаштодсолаи бознишаста ифтихори будани узви ин маҳфилро доранд. Ба монанди маҳфиле, ки Аҳмад Зоҳир дар як сурудаш орзу мекард:
Бинозам ба базми муҳаббат, ки ин ҷо,
Гадоеву шоҳе муқобил нишинад.
Соли 2003 буд. Ҳамон шабу рӯзҳо силсиламақолаҳои
банда бо номи "Садое, ки пайки муҳаббат аст" дар ҳафтаномаи "Чархи гардун" (№№1-18, 2003) дар бораи Аҳмад
Зоҳир ба табъ мерасид. Боре ба НАЗДАМ, ба хона як гурӯҳе омада худро ҳаводорони садои Аҳмад Зоҳир муаррифӣ
намуда аз ман хоҳиш карданд, ки дар як маҳфили онҳо
ширкат намоям ва дар бораи Аҳмад Зоҳир бо онҳо сӯҳбат
кунам. Розӣ шудам. Рӯзи 12-уми март дар хонаи Асадуллоҳ ном муаллими фанни мусиқӣ ҷамъ шудем. Иттифоқан ҳамон рӯз рӯзи таваллуди Асадуллоҳ, яке аз мухлисони ашаддии Аҳмад Зоҳир будааст. Дӯстони навам дар
баробари он, ки аз ман саволҳои сершумор мекарданд,
худ низ сухан мегуфтанд ва нуктаҳои ҷолиберо дар бораи Аҳмад Зоҳир ироа менамуданд. Маро огоҳии Мираливу Бозоралии хайёт, Ҷумъаву Нурмуҳаммади ронандаҳои таксӣ, Абдураҳмони ошпаз, Ҳоҷӣ домулло Ҷамолиддин, олими шаръӣ ва ҳам сохмончӣ, Баҳрому Абдукарими соҳибкор, Додихудои корманди соҳаи алоқа,
Ҳасани устоди Донишкадаи санъати ба номи устод Мирзо Турсунзода аз эҷодиёти Аҳмад Зоҳир хеле муттаҳайир сохта буд. Тақрибан ҳар яки онҳо сурудҳои Аҳмад
Зоҳирро қариб, ки азёд медонистанд. Ба осонӣ гуфта метавонистанд, ки кадом суруд дар кадом албоми Аҳмад

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё