Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа
Зоҳир ҷойгир шудааст. Ҳар кадоме ба гунаи архиви шахсии худро дошт, ки дар он аксҳои Аҳмад Зоҳир, кассетаҳои нодири ӯро ҳифз мекарданд. Зиндагиномаи Аҳмад Зоҳирро низ хуб медонистанд. Хулоса, ман низ аз онҳо меомӯхтам. Чандин таронаҳоеро, ки ман дар бойгонии худ надоштам, тавассути онҳо ба даст овардам. Асадуллоҳ дар он маҳфили нахустин чанд суруди Аҳмад Зоҳирро бо як лаҳни ба худ хос ва дилчасп пешкаши ҳозирин кард. Дар охир тасмим гирифта шуд, ки чунин вохӯриҳо пайваста сурат бигиранд ва ба онҳо шахсиятҳоеро, ки Аҳмад Зоҳирро аз наздик мешинохтанд ва бо ӯ сӯҳбатҳое доштанд, даъват намоянд. Маҳфили навбатӣ бо ибтикори бародарон Абдураҳмон ва Баҳром Саъдуллоевҳо дар хонаи онҳо баргузор гардид ва дар он устоди гиромӣ Шаҳбоз Кабиров бо хонумашон, шоираи ширинсухан, Меҳриниссо, ки Аҳмад Зоҳирро аз наздик мешинохтанд, ширкат карда бо қиссаҳои гуҳарбори хеш ба он нуру сафо бахшиданд. Ҳамин тариқ ба тадриҷ дар маҳфилҳои дигар дӯсти Аҳмад Зоҳир, устод Ҷӯрабек Назриев, овозхонҳои шинохта шодравон Зулфиқори Азиз, Фурқати Саид, нависанда ва мунаққид Раҷбалии Худоёрзода, ки дар бораи ин ҳунарманд мақолаҳои зиёде навиштааст, ширкат намуда баҳсу мунозираҳои муфидеро ба роҳ мемонданд.
Як нуктаи ҷолиби ин маҳфилҳо ҳамин буд, ки дар онҳо ширкати овозхонҳое, ки бо услуби Аҳмад Зоҳир мехонанду танҳо сурудҳои ӯро мехонанд, аз як ҳамоиш то ҳамоиши дигар бештар мешуд. Ба ғайр аз Асадуллоҳи Шамсзод дар ин маҳфилҳо боз Абдуҳолиқи Сӯфизода, Аслиддини Бадал, Алӣ Сабурӣ, Оқили Фозил, Анвари Эҳсон, Карими Дарвозӣ, Юсуфшоҳи Шуғнонӣ, Шералӣ Ашӯров, Ҳақназари

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё