Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа
нест", "Тарсам озод насозад зи қафас сайёдам", "Аё сайёд раҳме кун, маранҷон нимҷонамро", "Фақат сӯзи диламро дар ҷаҳон парвона медонад", суруду таронаҳое ҳастанд, ки инҳоро Аҳмад Зоҳир дар солҳои охири ҳаёташ ба қаламандани- мандони ҳунараш пешниҳод кардааст. Аҳмад Зоҳир ҳамчун ҳунарманди асилу инсони ватанпарасти ҳассос аз он таҳаввулоте, ки дар кишвараш дар он солҳои охир сурат мегирифт, дарк мекард, ки кишварҳои абарқудрат дар атрофи Афғонистон тор метананд, тори дасисаву макру ҳила. Онҳо ба кашмакашиҳое гирифтор ҳастанд, ки натоиҷи он барои мардуми ин кишвар оқибатҳои баде ба бор доранд. Ин хатарро ӯ ҳамчун як шахси бофарҳангу донишманди ҷомеаи афғонӣ хеле хуб мефаҳмид, вале дар илоҷи воқеа мисли миллионҳои дигар дармонда буд. Ӯ фақат метавонист ба он абарқудратҳое, ки ба сӯи ватани ӯ чашм ало карда буданд, бо забони суруд бигӯяд:
Аё сайёд раҳме кун, маранҷон нимҷонамро,
Пару болам бикан, аммо масӯзон ошёнамро.
Вале ба ҳамватанони худаш ҳушдор медод, ки ба ҳар ҳол ба муҷодила бо душманон омода бошанд:
Гар фишори душманон обат кунад мискин машав, Мард бош, ай хастадил, шармандагӣ даркор нест.
Интихоби чунин матнҳо барои суруду тарона дар як даврони ҳассоси таърихӣ барои кишвар далолатгари он аст, ки Аҳмад Зоҳир бо мардум буд, дарди ӯро аз дохил хуб дарк мекард ва барои табобати он кӯшишҳое ҳам ба харҷ додааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё