Зеҳн
Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа

СанъатФарҳанг
Аз аввал хондан

соли 1957 дар арафаи баргузории рӯзҳои адабиёт ва санъати Тоҷикистон дар Маскав бадеҳатан бо хоҳиши оҳангсози дар ҳамон вақт ҷавон, вале баъдан маъруф Амнун Бободӯстов, ки феълан дар Венаи Австрия зиндагӣ мекунад, гуфтааст. Абдулло Қодирӣ дар он вақт 18-сола буд ва донишҷӯи курси дуввуми Донишгоҳи Давлатии Миллии Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт. Бо Амнун Бободӯстов дар як маҳалла зиндагӣ мекарданд ва дӯсти наздик буданд. Амнун оҳангеро эҷод карда буд ва барояш матн меҷӯст. Абдулло Қодирӣ бошад, машқи шеър мекард ва ҳамон вақт мавриди таваҷҷӯҳи устодон Мирзо Турсунзода, Мирсаид Миршакар ва Боқӣ Раҳимзода қарор гирифта буд. Амнун барои навиштани матне барои оҳанги эҷодкардааш ба дӯсташ Абдулло Қодирӣ муроҷиат мекунад. Абдулло Қодирӣ оҳангро шунида бадеҳатан дар зарфи 15 дақиқа ҳамин матнро барои оҳанги шунидааш эҷод мекунад:

Эй нигори нозанин,
Як дам паҳлӯям нишин.
Аз он лабон бӯса бидеҳ,
Дили маро ғусса мадеҳ,
Эй ёри ман,
Дилдори ман.
Хуршеди тобони ман,
Моҳи дурахшони ман.
Аз он лабон бӯса бидеҳ,
Дили маро ғусса мадеҳ,
Эй ёри ман,
Дилдори ман.
Ғунчаи лабро бикушо,
Ҳарфе бигӯ баҳри даво.

пешина
аз 338
навбатӣ