Зеҳн
Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа

СанъатФарҳанг
Аз аввал хондан

ОСМОН, ЧАШМАМ БА СӮЯТ,
БАР САРАМ БОРОН БИБОР

Баъди нашри силсиланавиштаҳоям дар бораи Аҳмад Зоҳир дар ҳафтаномаи "Чархи гардун" журналисти тоҷик Ҳабиб Фаридун ба мо қисса кард, ки Аҳмад Зоҳир як шеъри шоири шодравон Султон Шоҳзодаро низ ба оҳанг даровардааст. Дар ин бора ба Ҳабиб Фаридун худи марҳум Султон Шоҳзода соли 1993 нақл кардааст.

Мувофиқи гуфтаи Султон Шоҳзода ҳангоми ба ҳайси тарҷумон дар Кобул ифои вазифа намуданаш охири солҳои 70-уми асри гузашта ӯ рӯзе ҳамроҳи боз ду рафиқаш мехоҳад концерти Аҳмад Зоҳирро дар яке аз толорҳои концертии Кобул тамошо кунад.

Вале билет пайдо карда наметавонанд. Он гоҳ ба худи Аҳмад Зоҳир рӯ меоранд ва ба ӯ мегӯянд, ки аз Тоҷикистон ҳастанд ва мухлисони сурудҳои ӯ. Мутаассифона, билет надоранд, ки концерти ӯро тамошо кунанд.

Аҳмад Зоҳир онҳоро ба як хурсандии бузург пазирой мекунад ва худаш онҳоро ба толори концертӣ мебарад, ҷой пайдо мекунад. Баъди концерт, ки се соат идома доштааст, боз ба наздашон омада аҳволпурсӣ мекунад.

Ҳини мулоқот Султон Шоҳзода шоир буданашро маълум менамояд. Аҳмад Зоҳир аз ӯ хоҳиш мекунад, ки як шеърашро бихонад. Султон Шоҳзода шеъреро мехонад, ки мисраи аввалаш чунин аст: «Осмон, чашмам ба сӯят, бар

пешина
аз 338
навбатӣ