Зеҳн
Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа

СанъатФарҳанг
Аз аввал хондан

НИШАСТА ДАР ТАНАМ ЧУН ҶОН,
САДОИ АҲМАДИ ЗОҲИР

Нишаста дар танам чун ҷон садои Аҳмади Зоҳир,
Хаёлам мӯъҷизи Қуръон садои Аҳмади Зоҳир.
Ба оҳанги дилангезаш, забони шаҳдомезаш,
Тасаллои дили инсон садои Аҳмади Зоҳир.
Ҳама панду ҳама қанду давобахшанда испанд аст,
Давою дорую дармон садои Аҳмади Зоҳир.
На ҳамтое навояшро мақому эътиборашро
Атои олами кайҳон садои Аҳмади Зоҳир.
Зуҳури Шамс дар оҳанг, ҳузури Мониву Аржанг,
Гуҳар андар гуҳарафшон садои Аҳмади Зоҳир.
Гулу булбул ба ҳам ояд, баҳоронро биорояд,
Пур аз файзу пур аз эҳсон садои Аҳмади Зоҳир.
Ба ҳам орад Хуросонро Бухорову Самангонро,
Паёми ваҳдату паймон садои Аҳмади Зоҳир

пешина
аз 338
навбатӣ