Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа
Ман инро аз дурахши чашми шаҳло кардаам тахмин.
Яқин дорам, зиёд аз ахтарони авҷи гардунанд,
Ҳама он гавҳари гардида дар қаъри дилам таҳшин.
Чӣ некӯ шоирӣ, дасти дуо бардорӣ ар аз сидқ,
Аё Ҷамшед, андар мавсими наврӯзи навоин.
Ва беҳ аз ин чӣ бошад, к-охири ҳар шеъри худ гӯй,
Илоҳо ҳар диле бар ҳар муроди худ расад, Омин!
БА ЗАИДАЁД АҲМАД ЗОҲИР
Барои ман муқаддасанд:
Замин
Модар
Ватан
Сулҳ
Баҳор...
ва охир,
Садои Аҳмади Зоҳир.
Садое, ки таровати баҳорро дорост,
Садое, ки рашки баҳорон аст.
Садое, ки лол монӣ, ки ӯст дар нағма,
Ва ё тараннуми борон аст.
Садое, ки меҳру муҳаббати болидон дорад,
Садое, ки бӯи ҷовидон дорад.
Садое, ки ҷон дорад.
Садое, ки сар то қадам ноз аст,
Садое, ки ифшогари роз аст.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо