Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа
Садое, ки тиловати Қуръон - Садое, ки таҳорати овоз аст.
Ва хулоса Садое, ки ман дар ҳошияи ҳусни ӯ, ҷаҳонро сарфи назар кардам Ва рӯзе дилам чунин сало сар дод:
Миёни овози Аҳмади Зоҳир ва баҳор тафовут чист?
Ақл гуфт: тафовут нест, ба ҳурмати рухи ёр Ва ман чунин дарёфтам:
Садои пои Аҳмади Зоҳир бувад, садои гоми баҳор!
САВТИ ОЛАМСӮЗ
Ба ёди сарояндаи ҷодунаво Аҳмад Зоҳир
Ба нисбат Борбад гар Рӯдакии санъати мо буд,
Туро, эй Аҳмади Зоҳир, бихонам Хоҷаи Шероз.
Чаро, ки шеъри оламгир килки ӯ бикард эҷод,
Чаро, ки савти оламсӯз, тори ту гиронд оғоз.
Худованд он даме эҳдо бикардад баҳри инсонҳо, Аз он дам оламе дар олами ҳар қалб эҳё шуд.
Зи рангорангии ҷангат, зи марғӯбии оҳангат Бишуд ҳар қатра дарёеву ҳар як зарра дунё шуд.
Туро ман боз нисбат медиҳам бо чашмаи ҳайвон,
Ва ё бо Хизри фаррухпай, ки яктоянду мемонанд.
Ту худ он Хизрию овози ту он чашмаи ҳайвон,
Ки то дунёст мемонанд, бетақлиду бемонанд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо