Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа
ЁДИ ТУ ЗИНДА АСТ ДАР АМВОЧИ СОЗҲО
Ман ба кадом забон бигӯям ту нестӣ, Ҳастӣ миёни мову нагӯям, ки нестӣ.
Ёди ту зинда аст дар амвоҷи созҳо, Истода гарчӣ рӯ ба рӯям ту нестӣ.
Ҳар сол то баҳор биёяд ту зиндаӣ, То ман гули баҳор бибӯям, ту нестӣ.
Шеъри Ҳашмат Умед, шоири муосири афғон. Ин шеърро соли 2007 дар солрӯзи таваллуди Аҳмад Зоҳир, овозхони маъруфи афғон, хонум Парасту дар Гамбурги Олмон аввал қироат кардааст ва баъдан бо оҳанг хондааст.
ЗОҲИР НАШУД ДИГАР,
ВАЛЕ АЗ ХУД НИШОНА МОНД
Зоҳир агарчӣ рафт, ҳунараш ҷовидона монд,
Дар қалби дӯстон зи ғами ӯ нишона монд.
Ин марди боҳунар ба ҳунар дар дили ҳама,
Рафт аз миёни мову садояш ба хона монд.
Ҳар ҷо ба бенавову ситамдида ёр буд,
Зоҳир нашуд дигар, вале аз худ нишона монд.
Ҳаргиз надидаем чу Зоҳир дар ин замон,
Овозу шеъри хуби ту ҳар ҷо тарона монд.
Дар мушкилоти зиндагиву гирудори даҳр,
Настӯҳ шудию рози дилат ошиқона монд.
Карим Настӯҳ, шоири афғон, муқими шаҳри Ванкувери Канада

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо