Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа
СУЛТОНИ ҲАМАД
На ин ки тоҷикон хушдори ӯянд,
Ҳама ирониён дӯстдори ӯянд,
Ба ҳар ҷо ҳар ки медонад ҳунарро,
Ситоиш мекунад ӯ ин ҳунарро,
Вале чархи замон номард бошад,
Дилаш аз меҳр дилсард бошад.
Ҳама яксар ба коми золимон аст,
Ҳаводори хасону нокасон аст,
Шунидам ман, ки дар Соланги зебо,
Кашониданд пойи Зоҳири мо.
Ба дастури шайёдони замона,
Варо куштанд ба шакли золимона.
Дасиса рехтандӣ моҳирона,
Дареғо, ҳасрато, нобиҳрадона.
Касе гуфтӣ дасисаро Талун рехт,
Бирехт аммо ба шакли вожгун рехт.
Талун гар омили ин кори дун шуд,
Бидидӣ ӯ худаш ғарқа ба хун шуд.
Дило ту ин суханро нек медон,
Бувад одил Худои оламиён,
Равонат шод бодо Зоҳири мо,
Тӯйи тоҷи ҳунар дар кишвари мо.
Шеъри Саид Мақсуди Бурҳон, собиқ корманди Радиои Афғонистон

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо